26 Март 2026
25 марти соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳраки Чоруқдаррон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пулотзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, раиси ҷамоати шаҳрак ва роҳбарони корхонаҳои бузурги истеҳсолии шаҳрак иштирок намуданд.
Сокинони шаҳрак меҳмононро бо рӯҳи баланди меҳмоннавозӣ бо садои карнаю сурнай хайрамақдам гуфта анъанаву оинҳои Наврӯзи аҷдодиро ба намоиш гузоштанд.
Дар гӯшае аз ҷашнгоҳ занони фаъол шоҳтаоми Наврӯз – суманак омода менамуданд ва дар қатори дигар пазардагони номдори диёр хӯроки миллӣ - оши палов.
Дар гӯшаи дигари ҷашнгош меҳмонон аз навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ дидан намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода зимни боздид аз ҷашнгоҳ ба ҳунару маҳорати сокинони шаҳраки Чоруқдаррон дар гиромидошти унсурҳои ҷашни Наврӯзи аҷам баҳои баланд дод.





















