Матни равон

Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои Гулистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ баргузор шуд.

Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки олимону адибони шинохтаи вилоят санаи 15-уми ноябр соати 10:00 дар толори ШВКД-и шаҳр, санаи  16-уми ноябр соати 10:00 дар осоишгоҳи «Баҳористон», соати 14:00 дар Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ бо сокинон, истироҳаткунандагон, омӯзгорону донишҷӯён вохӯриву мулоқотҳо ба роҳ монда шуд.

 

Санаҳои 15-16-уми ноябр асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми китобхонаҳои шаҳр ба маърази тамошо гузошта шуда, ҷиҳати муаррифии осори Пешвои миллат Рӯзи дарҳои кушод дар осорхона ба роҳ монда шуд. Инчунин дар ҷамоатҳо, осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ намоиши филми мустанади “Марде аз сарнавишт” ба роҳ монда шуд.

Дар 9 муассисаҳои томактабӣ бо мақсади дарёфти беҳтарин расм дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» озмуни расми беҳтарин байни таълимгирандагон баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар осоишгоҳи “Баҳористон” ва Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ рӯзи 16-уми ноябри соли 2016 рӯнамоӣ китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Забони миллат- ҳастии миллат” ва “Чеҳраҳои мондагор” бо иштироки олимон ва адибони вилояту маҳаллӣ ва намоиши слайдҳои тафсирӣ баргузор гардиданд.

Аз 12–14-уми ноябри соли равон дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳолӣ мусобиқаҳои гуногуни варзиши бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. Дар маркази шаҳр аз ҷониби мураббиёни мактаби варзишии бачагону наврасон  дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимии миёнаи умумии маркази шаҳр аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, гӯштини юнони – румӣ, каратэ-до, таэквон-до, шашка ва дастхобонӣ мусобиқаҳо гузаронида шуд. Инчунин дар маркази шаҳр марафони дучархаронӣ байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар шаҳракҳои Консой, Адрасмон, Чоруқдаррон, Сирдарё, Зарнисор ва Навгарзан мусобиқаи гуногуни варзишӣ дар толорҳо ва майдонҳои варзишӣ гузаронида шуданд. Дар хонаҳои маданият ва клубҳои шаҳракҳо намоиши филми мустанади «Марде аз сарнавишт» барои сокинон ба вуқӯъ пайваст.

Чорабиниҳо фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ва шаҳракҳо санаи 16-уми ноябр бегоҳирӯзӣ  бо иштироки сокинон, намояндагони корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо бо намоиши филми мустанади «Президенти мо-ифтихори мо» ба роҳ монда шуданд.

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ба сокинони шаҳр филми мустанади «Марде аз сарнавишт» намоиш дода шуда, барномаи марғуби консертӣ аз ҷониби санъаткорони Академияи мақоми  ҷумҳурӣ ва бахши фарҳанги шаҳр манзури тамошобинон гардид. Дар чорабинии шаҳрӣ роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомов ва намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоят Карим Шариф иштирок намуданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2039
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2039
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53176
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262688

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?