13 Декабр 2017
Дар толории бахши ҳифзи муҳити зист тибқи нақшаи Шўрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони масъули Шўрои вилоятӣ ва намояндагони ташкилотҳои ибтидоии Шўрои ҲВМ ва ЭТ дар шаҳри Гулистон семинари дастурдиҳӣ доир ба маҷлисҳо ва конференсияҳои ҳисоботию интихоботӣ, бақайдгирии аъзо дар ташкилотҳои Ҳаракат ба вуқўъ пайваст.
Ҷаласаи Шўрои ҳаракати ваҳдаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода ифтитоҳ намуда, меҳмононро барои ҳозирин муаррифӣ намуд. Мувофиқи нақша котиби ҳамоҳангсози Шўрои вилоятӣ Абдуҳаким Шарифов дар мавзўи "Доир ба вазифаҳои ташкилотҳои Ҳаракат", корманди Шўрои вилоятӣ Мавҷуда Мирпочоева дар мавзўи " Ташкил ва гузаронидани бақайдгирии иштирокчиёни Ҳаракат ва маҷлисҳои ҳисоботию интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ", корманди Шўрои вилоятӣ Дилором Ҷабборова дар мавзўи "Оид ба ташкили коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат", раиси Шўрои кўҳансолони Ҳаракат дар вилоят Қобилҷон Усмонов дар мавзўи" Доир ба нақш, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Шўрои пиронсолони Ҳаракат дар маҳал" баромадҳои судманд намуданд.
Дар охир байни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.