16 Июл 2018
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар-машварат оид ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки раисони ҷамоати шаҳракҳои Сирдарё, Чоруқдаррон, Консой, Адрасмон, Зарнисор ва Навгарзан, масъулини бахшу шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.
Дар семинар сарнозири шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутавалиён ва нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентӣ Абдуманнон Ҷӯразода доир ба дар амал татбиқ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабули нақшаву барномаҳои дохилиидоравӣ, ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳо ҷиҳати муайян намудани омилҳои ба пайдоиши коррупсия мусоидаткунанда ва дарки хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия суханронӣ намуда, ба саволҳои иштироккунандагони семинар - машварат ҷавобҳои мушаххас доданд.