16 Июл 2018
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамошои дастҷамъонаи филми мустанади «Решаҳои ноаён» аз тарафи гурӯҳи фаъолони хизматчиёни давлатӣ, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллӣ ба вуқӯъ пайваст.
Дар филми мазкур бо далелу арқоми раднопазир оид ба хиёнаткориҳо, ҷиноятҳои вазнин ва фаъолияти тахрибкоронаи ҳизби террористӣ экстремистии ҲНИТ нақл карда шуда, собиқ намояндагони ҷинояткори он «бо тавбаву тазарро» доир ба амали нангини хеш сухан меронанд.
Тамошои филм ҳозиринро сахт мутаассир намуда, зимни бардошти он ибрози андеша намуда, таъкид намуданд, ки имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо ғояи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа умр ба сар бурда намегузоранд, ки он ваҳшонияту даҳшатҳо такрор шаванд. Алъон мардум хеле хуб «мӯйро аз хамир» ҷудо карда метавонанд.Ба қадри зиндагии осудаву ором ва осоиштаи имрӯз хеле хуб мерасанд. Соҳибдавлат ҳастанду ифтихор аз ватандорӣ доранд. Филми мазкур инчунин ба корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, ҷамоати шаҳракҳо, кумитаи маҳаллаҳо барои тамошои дастҷамъона дастрас карда шуд.