Матни равон

15 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои мусоидат ба пешрафти ин минтақаи мамлакат андешаронӣ карданд.

Баъди таҳлили амиқи вазъи зиндагии аҳолӣ, рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, омодагии ҳамаи бахшҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, соҳибкорон ва собиқадорон — Зевари Далерӣ, Садрия Мародмамадова ва Баҳодур Баҳриев баромад карданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед аз номи кулли сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ баҳри пешрафти шаҳру ноҳияҳо ва бҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2086
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2712
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15183
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17051
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38617
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:70848
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1592545

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?