Матни равон

Тавре ба Шумо маълум аст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 15-уми сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон, маводи мухаддир амал менамояд.

 

Дар ҳолати то 11-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад «Автомат Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад «Таппонча», 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориљї ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира шудааст.

Аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта, 11 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд, ки ба қатори онҳо шаҳрвандон Акимбеков Акимбек Азизмамадович, Бозоров Комрон Ватаншоевич, Мирзоев Фируз Маҳмудхонович, Шейхов Пулод Тиллоевич, Каримбеков Рустамбек Давлатбекович, Некқадамов Шертан Саидқадамович, Болиев Шоҳғариб Додхудоевич, Худоназаров Некруз Ғуломалиевич, Ҳамиди Ташриф ва Давлатқадамов Музаффар Имомназарович дохил мешаванд.

Ба нафароне, ки то ҳанӯз дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, ба мақомот ҳозир нашудаанд, бори дигар таъкид мегардад, ки аз ҳолатҳои сабуккунандаи қонун пешбининамуда истифода карда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд. Чунки баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида  пушаймонӣ суд надорад.

Ҳамзамон, рӯзи 02 октябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аъмоли ҷиноятии аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҶТ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ гардид.

Дар натиҷаи амалиёт ва задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди ҷамоати деҳоти Поршнёви ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода карда, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони автомати «Калашников» ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи «героин», 13 кг маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 2 кг воситаи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира гардид.

Тибқи маълумоти бозсанҷишудаи Ситод гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани  силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд. Ба ҳамин хотир қотеъона таъкид карда мешавад, ки чунин аъмоли ҷинояткорона вазъиятро мураккаб ва раванди қабул кардани чораҳои қонуниро нисбат ба ташкилкунандагони чунин ҷиноят ба воқеъият наздик месозад.

Самти дигари фаъолияти Ситоди байниидоравӣ ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 2468 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 27 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 40 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 10 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 далели бо суръати баланд, 27 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 5 ҳолати мастӣ ва 2249 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид.

Боиси қайд аст, ки аксарияти шаҳрвандон аз ҳаракатҳои ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ бароварда, соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ 203 автомашинаи сиёҳшишаро ихтиёран тоза намуданд.

Дар баробари ин то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои харакати роҳро вайрон намуда, ба саломатии сокинони шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд.

Бо ҳамин ҷурм рӯзҳои 2-юм ва 6-уми октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович бо ҷурми идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан, нишон додани муқобилият ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 дона норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич ва Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накарда ва нишон додани муқобилият ба кормандони милитсия боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 195, қисми 1 ва 328, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Аз ҷониби Ситоди байниидоравӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати имрӯза маблағҳои кредитии баргардониданашудаи бонкҳо дар маҷмӯъ 71 млн сомониро ташкил медиҳад, ки он ба ҶСК «Ориёнбонк» 1 млн 338 ҳазору 671 сомонӣ, «Амонатбонк» 4 млн 414 ҳазору 916 сомонӣ, «Аввалин бонки молиявии хурд» 3 млн 81 ҳазору 132 сомонӣ, «Агроинвестбонк» 13 млн 191 ҳазору 271 сомонӣ, «Тоҷиксодиротбонк» 48 млн 953 ҳазору 488 сомонӣ рост меояд.

Бояд зикр намуд, ки то ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин оқибати ногувор дорад.

Инчунин, аз ҷониби афроди алоҳида вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки дар мӯҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳа супорида шавад.

Сокинони шарафманди Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ бояд дақиқ як нуқтаро донанд, ки аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбати сокинони осоишта амалиёт гузаронида намешавад.

Аҳолии шаҳри Хоруғ пурра боварӣ дошта бошанд, ки амнияти онҳо таъмин мегардад. Сокинон бояд ба иғвою дасисаҳои беасосу бемаънӣ, дуруғу буҳтони саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд ва дилпурона кору фаъолияти худро идома диҳанд.

Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбати онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, дар сурати итоат накардан ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар дидбонгоҳҳои муайяншуда, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, маводҳои сӯхт (Коктейли Молотов), тарканда, эҷод намудани монеъа ва таҳқири намояндагони мақомоти давлатӣ, кӯшиши мудохила ба фаъолияти сохторҳои дахлдор нисбати чунин ашхос бо дастрасии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои қотеъона андешида мешавад.

Ҳамватанони азиз ва мӯҳтарам сокинони шаҳри Хоруғ мо ба фарҳангу маърифати волои Шумо боварии комил дошта, умед дорем, ки то 15-уми октябри соли равон силоҳи охирини ғайриқонунӣ ба мақомотҳо супорида шуда, ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир гардида, барои таъмини амнияти сокинони вилоят, ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва минбаъд амал намудан дар доираи қонунҳои мавҷуда мусоидат менамоед.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:6835
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21362
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43286
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8252798

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?