Матни равон

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2018 ба маблағи 2 миллиарду 660 миллиону 560,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз ин 96,8%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,2%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 32,9 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 95 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 546,0% (5,5 маротиба зиёд) расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд.

 

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2018 ду коргоҳи дӯзандагӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази шаҳр ва шаҳраки Адрасмон бо 16 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд, ки ҳунармандон бо дӯхти либосҳои мактабӣ ва миллӣ машғул мебошанд. Боиси тазаккур аст, ки айни ҳол дар ҳудуди шаҳр корхонаҳои калони дӯзандагӣ, истеҳсоли орд, паррандапарварӣ, коркарди пӯст ва ҳамзамон корхонаҳои хурди истеҳсоли афшураи мевагӣ, коркарди шир, истеҳсоли обҳои ташнашикан ва як сардхонаи замонавӣ фаъолият бурда истодааст.

Дар ҳудуди шаҳр 4 корхонаҳои ордбарорӣ амал мекунанд. Фаъолияти онҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, аз рӯи 7 намуди маҳсулот 30,6 тонна маҳсулот ба маблағи 61 млн.669,9 ҳазор сомонӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар шаҳр 7 маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, бо 33 дастгоҳ, аз ҷумла бо 14 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 19 дастгоҳи қолинбофӣ (5 калон ва 14 хурд) ва 12 мошини дарздӯзӣ муҷаҳҳаз гардидааст. То ин дам дар ин марказҳо 206 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳунармандӣ ва касбу ҳунар гардидаанд. То имрӯз 423 нафар занону духтарон дар маркази таълимӣ-касбомӯзӣ фаъолият намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбу ҳунар гардиданд. Давоми нуҳ моҳи соли 2018 дар марказҳо 20 ҳазору 800 метр адрас омода ва 55 калоба ҳамчун ашёи хоми асосӣ ранг карда шуд.

Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар давраи ҳисоботӣ 1137 ҷой таъсис дода шуд, ки 358 ҷой нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1336
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13516
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47115
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7689035

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?