Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии  ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд.

Бо ин мақсад дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният ба кор шуруъ намуд.

Бояд зикр кард, ки ба ҳолати то 16-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Бо вуҷуди мусодира гардидани ин миқдор силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ то ҳанӯз дар дасти саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ашхоси алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад.

Аз ин лиҳоз, Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки тамоми силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ  супорида шавад. Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбати онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад.

Дар ҳамин давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз, ки сокинони шарафманди вилоят роҳҳои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаро пайгирӣ намуда истодаанд, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон намуданд. Рӯзи 02 октябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аъмоли ҷиноятии аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҶТ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ гардид.

Дар натиҷаи амалиёт ва задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода карда, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони «Автомати Калашников» ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи «героин», 13 кг маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 2 кг воситаи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира гардид. Нисбати далели мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ бо моддаҳои 195, қисми 2, 200, қисми 4, , 289 қисми 3, 335 қисми 1-и КЧ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Яке аз таъкидҳои асосии Сарвари давлат ин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ба тафтишот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, 14 нафари онҳо, аз ҷумла Акимбеков Акимбек Азизмамадович, Бозоров Комрон Ватаншоевич, Мирзоев Фируз Маҳмудхонович, Шейхов Пулод Тиллоевич, Каримбеков Рустамбек Давлатбекович, Некқадамов Шертан Саидқадамович, Болиев Шоҳғариб Додхудоевич, Худоназаров Некруз Ғуломалиевич, Ҳамиди Ташриф, Раҳматов Фируз Мухаббатович ва Давлатқадамов Музаффар Имомназарович ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд.

Ба ҷинояткороне, ки то ҳанӯз дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, ба мақомот ҳозир нашудаанд, бори дигар таъкид мегардад, ки аз ҳолатҳои сабуккунандаи пешбинигардидаи қонун истифода карда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд.

Самти дигари фаъолияти Ситоди байниидоравӣ ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои пурзӯри амниятӣ 3053 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 32 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 53 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 18 холати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 ҳолати бо суръати баланд, 31 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 13 ҳолати мастӣ ва 2387 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид.

Нисбати 469 нафар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима бо маблаги 136663 сомони ситонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки аксарияти соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ аз ҳаракатҳои ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ бароварда, 210 автомашинаи сиёҳшишаро ихтиёран тоза намуданд.

Дар баробари ин то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба саломатӣ ва хаёти сокинони осоиштаи шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд.

Рӯзҳои 2-юм ва 6-уми октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович бинобар идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан, нишон додани муқобилият ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 дона норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич,  Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан ва нишон додани муқобилият ба кормандони милитсия боздошт ва нисбати онҳо бо моддаҳои 195, қисми 1 ва 328, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ба ҳамин монанд, 15-октябри соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мавзеи Бидурди ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21010», рақами қайди транзитии давлатиаш «М 00-10 ТҶ 07» таҳти идораи шаҳрванд Бодуров Навоӣ Шолиевич, санаи таваллудаш 20 апрели соли 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Панфилов, хонаи №15 ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ дар постгоҳи зикршуда ба талаби қонунии корманди милитсия итоат накарда, мехост аз ҷойи ҳодиса фирор намояд.

Ҳангоми кӯшиши пешгирии фирори воситаи нақлиёт Бодуров Навоӣ Шолиевич автомашинаи таҳти идораашро ба муқобили корманди милитсия равона карда, ӯро мезанад ва ба масофаи 300 метр кашола карда мебарад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдор ронандаи автомашинаи мазкур Бодуров Навоӣ Шолиевич ва ҳаммаслакони ӯ Давлатҷонов Амид Миликшоевич, санаи таваллудаш 9 январи соли 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, хонаи №58, оиладор соҳиби 2 фарзанд, пештар бо моддаи 201 қисми 1 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Мазоров Мақсад Атоназарович, санаи таваллудаш 27 августи соли 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи «50-солагии Холруғ», оиладор, соҳиби 4 фарзанд, пештар бо моддаи 244 қисми 2 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Давлатов Фахриддин Қамарович, санаи таваллудаш 28 сентябри соли 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Носири Хусрав, хонаи №23 ва Айёмбеков Абдураҳмон Оқилович, санаи таваллудаш 11 апрели соли 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Аёмбеков, хонаи №4 барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия боздошт гардиданд.

Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки шахсони боздоштшуда дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд.

Ситод бо тамоми қотеъият таъкид мекунад, ки ин дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ то замони ба фаъолияти зиддиқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ хотима гузоштан, боварӣ ҳосил кардан ба таъмини пурраи амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳ, дастгир шудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда, тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият хоҳанд кард. Ҳамчунин, барои аз байни бурдани тамоми қонуншиканиҳо зимни идораи воситаи нақлиёт, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда фаъолияти дидбонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ васеъ карда мешавад. Дахолат намудан ва монеа эҷод кардан ба  фаъолияти қонунии ин дидбонгоҳҳо тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ посухи сазовор дода мешавад.

Ҳамчунин, бо мақсади шаффофияти фаъолияти дидбонгоҳҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, нишон додани симои аслии шахсоне, ки талаботи қонунгузорро риоя намекунанд, дар ҳамаи дидбонгоҳҳо таҷҳизотҳои сабти навор (видеорегистратор) насб карда мешаванд. Наворҳои оид ба риоя нашудани талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ВАО ба сокинони вилоят ва ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд.

Тибқи маълумотҳои санҷидашудаи Ситод, саркардагон ва фаъолони ГМҶ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ бо ҷалби ҷавонони содда ва гумроҳи шаҳри Хоруғ ва навоҳии атроф вохӯриҳо — “сходка”*-ҳо мегузаронанд. Бештари вақт ҷамъомадҳои ГМҶ дар тарабхонаҳои “Шуғнон”, “Шоми Бадахшон”, “Атлант”, “Марко поло”, ошхонаҳои “Мурғоб”, “Орзу”, меҳмонхонаи “Тишор” мегузаранд.

Вобаста ба ин, Ситоди муштарак бо тамоми қотеъият изҳор медорад, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷой ҷамъ кардани ҷавонон, гузаронидани чорабинӣ бо номи “сходка”-ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ гардида, тибқи талаботи моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ мегардад.

Ҳамзамон, иншоотҳое, ки дар онҳо чунин “сходка”-ҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гузаронида мешавад, тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, дар бораи қатъи фаъолият ва тағйир додани таъиноти истифодаи чунин иншоотҳо, то мусодира кардани он чораҳои қатъӣ дида мешавад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддастарини ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар аст. Маҳз тавассути ин амал мо метавонем садоқати худро ба Ватан, миллат ва халқи худ тасдиқ намоем. Мутаассифона, ҷавонон зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятӣ монда, аз хизмат дар сафи ҚМ ҶТ даст мекашанд.

Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи муқарраршударо дар шаҳри Хоруғ 100 % иҷро намуд. Ҳамчунин, нақшаи даъват дар ноҳияҳои Рушон, Дарвоз, Мурғоб иҷро гардид.

____________________________________

*Сходка – ҷамъомади гурӯҳи одамон дар вақту макони муайян  ҷиҳати  баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои  вобаста ба фаъолияти якҷоя, одатан бо мақсади бадхоҳона (Ожегов С.И., Шведова Н.Ю. -“Луғати тафсирии  забони русӣ”, РАН, М, 1999;  Луғати Википедия)

 

Навори видеоӣ: https://youtu.be/dvWbWrFrb3o

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1238
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3661
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4899
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20405
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:36826
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:86703
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1336526

Мо дар Фейсбук