22 Октябр 2018
Дар сомонаи «Payom.net»-и ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти унвони «Озодихоҳони тоҷик ва қабилаи Аче» рӯзноманигори бе ному нишон матлабе интишор дода, дар бораи охирин намояндагони қабилаи Аче, яке аз қабилаҳои бумии Амрикои лотинӣ нақл мекунад. Вай ба онҳо баҳои нисбӣ ва гуногунмазмун медиҳад. Муаллиф дар ин мавод чӣ гуфтан ва чӣ хостани худро намедонад ва танҳо мисли мусоҳибаву гуфторҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дурӯғ даъвоҳои бофта мекунад. Рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва таърихии ин қабилаи муборизро зери шубҳа гузошта, онро қавми як умр мубориз ва то ҷое хашину тунд, як қавми зоҳиран сархам ва тобеъ нишон медиҳад.
Сомонаи тахрибкор чандин воқеаҳоро аз нигоҳи худ баҳо дода, болои ин қабила бори маломатро мерезад: «Қаблан ин кавм нисбати бегонаҳо тунду хашин буда, вале дар рафторҳои дохилиқабилаӣ яке аз беҳтарин фарҳанги ҳамзистӣ ва ҳамкориро дошт. Дар мубориза алайҳи душманон ҷасорат, зиракӣ ва оштинопазирии хос нишон медод, аммо дар баробари ҳамқабилаи худ вафодор ва ҷавонмардона рафтор мекард». Пас, ба кадоме аз ин ҳарфҳои «нохонда мулло» метавон бовар кард. Дар ҳоле, ки дар ҳар ибора афкори зиддунақиз ҷой дорад.
Маҳз чунин рафтор моҳияти таърихии ачеҳоро гуногун нишон медиҳад: «Бо тағйири ҳадаф рафтори қабила ҳам тағйир кард. Тундӣ ва хушунат аз берун ба дохили қабила кӯчид. Ваҳдат ва ҳамбастагии ачиҳо сол ба сол заъифтар мегашт». Агар нигоранда ҳамчун муаррих шинохта мешуд ва ё ҳамчун мутахассиси соҳаи таърихшиносӣ баромад мекард, шояд ба андешаи ӯ бовар кардан мумкин буд, вале ин нафар на аз илми таърих огаҳ асту на ба он наздикӣ дорад.
Муаллиф барои исботи андешаҳои худ, ки гӯё аз воқеияти таърихии ин қабилаи куҳан огаҳ асту, онро медонад, кирдори онҳоро мавриди тафтишу санҷиши ҳамешагӣ қарор додааст. Аммо, ҳайҳот, ки ин тавр нест. Манзараи ачеҳоро он қадар норавшан тасвир кардааст, ки дар шуури мардуми бо воқеияти онрӯза шиноснабуда чун макони номуайян инъикос меёбад. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки онҳоро бо мардуми тоҷик муқоиса намуданӣ мешавад ва мегӯяд: «Вазъи озодихоҳони тоҷикро ман тақрибан ба вазъи солҳои ахири зиндагии қабилаи Аче монанд мебинам. Ҳади ақал, қисме аз онҳоро». Торнома ба сари ҳар воқеаи таърихӣ он қадар бори маломат бор мекунаду туҳмат мезанад, ки хонандаро ба ҳайрат меорад. Андеша ва муносибати мардуми ошною ноошноро ба ин қазия дигар карданӣ мешавад ва ҳолатҳои таърихиро нодида мегирад.
Баҳром Қодир,
муаррих