22 Октябр 2018
22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои марказ 2 ошёна буда, аз 21 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабули мизоҷон, иммунизатсия, хуҷраи хатна, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ, 10 ҳуҷраи табиби оилавӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.
Сохтмони бинои муосири маркази саломатӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расид.
Дар баробари бунёди Маркази саломатӣ он бо 85 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, 6 намуд дастгоҳҳои хунуккунӣ, аз ҷумла яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, ҷуздон ва ғайра таъмин карда шуданд.
Ғайр аз ин дар доираи лоиҳаи бунёди маркази саломатӣ 31 номгуйи мебелҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, рахти хоб, ҷевонҳо ва ғайра дастрас гардид.
Маркази саломати асосан барои маҷмуи хизматрасонии тиббӣ мусоидат карда, дар он 10 нафар табиб, 23 корманди миёнаи тиббӣ ва 2 корманди хурди тиббӣ бо шароити кории хуб таъмин карда шуданд.
Бинои маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” бунёд шуд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.