23 Октябр 2018
Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва сиёсати инсондўстонаву эътимоди баланди Роњбари давлат ба њама љараёнњои динию мазњабї ба роњ монда, ибтикороти созандагии онро пайваста пўштибонї мекунад. Мањз бо шарофати Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пайравони тариќати исмоилї дар Тољикистон имкон пайдо карданд, ки ба дидори Рањбари руҳонии худ Волоњазрат Шоњ Карим ал-Њусайнї Оѓохони IV расанд. Эътиќоду эътимоди ин ду шахсияти бузурги таърихї ба мо, мардуми тољики исмоилмазњаб, имкон дод, ки дар муддати 27 соли соњибистиќлолї зодгоњи худ Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшонро аз он рўзњои шум ва фољиабори солҳои 90-ум оњиста-оњиста барорем ва ба ин рўзњои нек расонем.
Роҳбарияти Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо амиқан дарк мекунад, ки расидан ба сулњу салоњ ва суботи комил кори осон набуд ва итминони комил дорад, ки рушди Бадахшони азиз мадди назари њаррўзаи Президенти кишвар ќарор дошта, дар њамбастагии том дар асоси арзишњои аслии зиндагї, таъмини сулњу субот, риояи волоияти ќонун, тартиботи љамъиятї ва эњсоси масъулияти баланди шањрвандї мо хеле зуд ба њадафњои аслї, баланд гардидани сатњи зиндагии мардум, боз њам зебо шудани минтаќаи азизамон хоњем расид.
Ҳамчунон, ҳидоятњои Шоњ Карим Ал-Њусайни Оѓохони IV-ро њар як исмоилии баору номус дар ҳар иқдоми созандааш бояд дар хотир дошта бошад. Аз ҷумла, ҳидояти таърихии Волоҳазрат барои муридонаш дар хусуси он, ки «шумо дар њар њудуде, ки зиндагї доред, аз ќонуну ќоидањои он кишвар ќотеона риоя ва пуштибонї намоед” бояд дар андеша, қалб ва амали њаррўзаи њар як фарзанди руњонї бошад.
Њукумати кишвар бо кулли агентиҳои Оғохон дар ҳудуди Тоҷикистон амалкунанда, бо Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо ва Маркази Исмоилияи Душанбе њамкорињои ҳамешагӣ, зич ва арзишмандро ба роҳ монда, тарафайн аз беҳтарин таҷрибаҳои созандагӣ дар сохтани як ҷомеаи худтаъмину муттамаддини муосир истифода мекунанд. Ба мақоми роҳбарии як вилояти мухтор таъйин гардидани дастпарвари Хазинаи Оғохон худ нишонаи баланди эътимод ва дастгирии Ҳукумати кишвар ва махсусан, Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Ҳамчунон, чунин иқдом ишора ба он аст, ки њалли бисёр мушкилињо, масъалаи рушди вилоят ва расидан ба њадафњои муњими стратегии кишвар дар ин минтаќа ба дўши фарзандони њамин сарзамин вогузор гардида, таќдири имрўзу оянда ба дасти мову Шумо дода шудааст. Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо барои чунин иқдом ба Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти муњтарами кишвар Эмомалї Рањмон сипоси самимї арз намуда, бо љиддияти том изњор медорад, ки таъйин ва боварии Сарвари давлат аз љониби сокинони вилоят њамаљониба пўштибонї карда шавад.
Мо њамеша, ҳам дар доираи салоҳият, ҳам дар доираи қонун ва ҳам дар чаҳорчўбаи суннатҳои мазҳабї бар зидди зўроварї, ќонуншиканї, бетартибї ва бенизомї баромад мекардем ва чунин шаклгирии љомеаро қатъиян маҳкум мекунем. Мо аз ҳар гуна иќдомоти Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки барои таъмини сулњу субот, волоияти ќонун ва баланд бардоштани сатњи зиндагии сокинони вилоят нигаронида шудаанд, ҳаматарафа тарафдорї мекунем. Бинобар ин, мо аз тамоми бошандагони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон даъват менамоем, ки бањри амалї гардидани барномањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, таъмини сулњу субот ва некўањволии мардум, талаботи ќонунии Ҳукумати вилоят барои халъи силоњ аз дасти афроди алоҳида ва аъзоёни гурўњњои љиноятї, ки омили асосии нооромии љомеа мебошанд, њамкорї ва мусоидат намоянд.
Муроҷиати мо махсус ба ҷавонони боору номусе, ки қисмати вилоят ва тақдири Ватан барояшон арзиши аввалиндараҷа дорад, ин аст:
- ба фориѓболї аз ояндаи худ ва кишвар дода нашавед, то аз роҳи рост мунҳариф ва дар заҳмати ҳаёт ғўтавар нагардед!
- аз пайравї ба чанд тане, ки ба љуз аз фарҳанги силоҳ ва хушунат фарҳанги дигареро намеписанданд, даст кашед!
- ба ҳар гуна иғво ва дасисаи гурӯҳҳои алоҳидаи силоҳбадасту қочоқчӣ, ки танҳо барои амалишавии ҳадафҳои шахсиашон талош доранд, дода нашавед!
- барои таҳкими волоияти қонун ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа кӯшиш кунед!
Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо ва Маркази Исмоилияи Душанбе бо тамоми масъулият аз мардум даъват ба љо меорад, ки дар њамбастагї, њамгирої, муташаккилї, даст ба даст, масъулияти баланди шањрвандї фарзандони саҳван роҳашонро гумкардаро аз кору кирдори бад пас гардонда, дар фикру зикри њаёти осоишта ва созанда бошанд.
Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо боварии комил дорад, ки дастгирии њамаљониба аз иќдомоти Ситоди байниидоравї дар ВМКБ дар самти таъмини ҳаёти осоишта ва бидуни хатари мардум, ин дар маљмуъ, пуштибонї аз сиёсатњои пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ростои таъмини сулњу субот ва баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум дар кишвар ва бахусус дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мебошад.
Бо назардошти Ќарори Пешвои миллат оид ба таљлили солгарди навбатии истиќлолияти Тољикистони азиз дар маркази Вилоят шањри Хоруѓ, сентябри соли 2019, њама ќишрњои љомеаро зарур аст, ки дар фикри корњои ободонию созандагї бошанд ва ба љањониён нишон дињанд, ки Бадахшон макони оромию осоиштагї, минтаќаи суботи Тољикистон, љойи зиндагии мардуми дар њаќиќат фарњангї, баорў номус ва дорои сатњи баланди маданияти шањрвандї мебошад.
Бори дигар аз тамоми маскунони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳиш мекунем, то бо арҷгузорӣ аз арзишҳои инсонӣ, бо эҳтиром ба таърихи пурифтихори хеш ва хосса, бо иҷрои Паёмҳои Пешвои Миллат ва пайравии Ҳидоятҳои Имоми Вақт осўдагї, сулњ, оромї ва волоияти қонунро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин намоянд.
Мудирияти Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї. ш. Душанбе, 22.10.2018.