Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар миллат, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.

Бисту ҳафт сол аст, ки дар тамоми гӯшаи дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро оламиён аз парафшонии Парчами давлатиаш мешиносанд.

Ба ифтихори ин ҷашни давлатӣ сокинони сарбаланди шаҳрро самимона табрику таҳният намуда, бароятон саодату иқболи нек ва комёбиву муваффақиятҳо орзу дорам.

Ҳозирини гиромӣ!

Парчам аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Парчамҳои гуногуни гузаштагони мо баёнгари он аст, ки парчамдорӣ нишони соҳибдавлатии мардуми куҳанбунёди мо мебошад, зеро халқи тоҷик аз замонҳои дури таърихӣ соҳиби тамаддун, фарҳанг ва маданияти оламшумул буда, дар байни қавми олам ҷойгоҳи шоиста доштааст. Тибқи маълумоти таърихӣ «Дирафши ковиёнӣ» рамзи нахустини далатдории ориёиён будааст.

Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон буда, ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдалатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд. Парчами давлатӣ дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ барои мардуми мо муқаддас аст. Бо таъбири Сарвари муаззами мо «Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид».

Чун ҳар ҷо Парчам барафтохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин васила тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Бо ҳидоятҳои фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ба ҷашни бузурги миллиамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳаматарафа мебинанд. Дар ин замина нақшаи чорабиниҳои созанда ва бунёдкорона амалӣ карда мешаванд.

Дар ҳудуди шаҳр ба ифтихори ҷашни бошукӯҳи миллӣ дар доираи чорабиниҳои 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани беш аз 180 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суѓд дар маркази шаҳр майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то наврӯзи соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, Парчами давлатӣ дар баландии 50 метр афрохта мешавад. Ин арҷгузорӣ ба ифтихори яке аз рамзҳои муқаддасамон – Парчами давлатӣ мебошад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба шумо хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозӣ орзу намуда, хоҳони онам, ки Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3456
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3456
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54593
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264105

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?