Матни равон

 

Дар сомонаи ифротии яке аз фаъолони наҳзати М. Садриддин матлаби нави муассисаш таҳти унвони «Ба ҳоли ин "Оилаи Кабир"раҳм кунед!» интишор ёфт. Ин навбат ҳам М. Садриддин забони таҳқиру тавҳинро рўйи шахсияти Сарвари давлат тамаркуз дода, ҳай музахраф навиштааст. Он чи ки М. Садриддин зери сарлавҳаи «Оилаи Кабир» ироа доштааст, аз ҳолати ноҷури равонии ў дарак медиҳад. Нишони тавҳину иттиҳом қарор гирифтани хонаводаи Робар ҳадафи ниҳоӣ ва ба истилоҳ, стратегии М. Садриддин аст ва дар матолибаш ҳамеша аз ин стратегия, ки бар асоси тавҳину иғво созмон ёфтааст, корбаст мекунад.

М. Садриддин, чуноне ки дар матлабҳои кўтоҳи қаблӣ ироа дошта будем, ба давлати Тоҷикистон сахт душманӣ ва кинаварзӣ мекунад, аз ҳар баромад, гузориш, мулоқот ва дидору вохўриҳои Президент бо мардум ва намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон сахт нигарон мешавад, ҳар муваффақият ва комёбии Ҳукумат чун устухон дар гулўи ин мазҳабзадаю сиёсатзада мебошад. Аз ин ҷост, ки бо дидани наворҳои телевизионӣ бо ҳузури Сарвари давлат ошуфта мегардад ва муваффақиятҳои Ҳукуматро, ки бо заҳматҳои шабонарўзии Президент рўйи кор омадааст, нодида мегирад. Одати М. Садриддин ҳамин аст ва аз нигаронии амиқ оташи хашмаш боло мегирад ва матолиби иғвогаронаи худро интишор медиҳад. Чанд соли ахир М.Садриддин оилаи Робарро ҳадафи интиқоди муғризонаи худ қарор додааст. Махсусан, вақте ки барои ташрифи Президент кафкўбӣ ва гулафшонӣ мекунанд, М. Садриддин асабӣ мешавад ва ин асабониятро тавассути афкори ғализи муғризона буруз мекунад. Шоир гўё ин ҳолати М. Садриддинро пайхас карда, муносиби вазъаш ишораи ҷолибе фармудааст: «Нотавонбинӣ ба авҷаш мерасад».

Падидаи бад дар навиштаҳои Садриддин аз номи халқ доварӣ кардани ўст. Ба назари камбину нотавонбини ў, гуё халку мардум аз Сарвари давлат норизоянд. Манзури М. Садриддин аз халқу мардум ҳамон ҳамтабақону ҳаммаслакони ўянд, ки ба иллати ҷиноёти содиркардаашон паси панҷара қарор доранд. Магар се-чор ё ин ки сад-дусад нафар нотавонбин ва иғвогар, ки ба давлати дунявӣ ва сиёсати давлатӣ нафрат доранд, халқу мардум ба ҳисоб мераванд? Оё ду-се мазҳабзада, ки дар хориҷ аз кишвар бо сармояи берунӣ сомонаю пойгоҳи иттилоотӣ таъсис дода, ахбору матолиби дурўғ интишор медиҳад, халқ ва миллати тоҷик аст? Асло, чунин нест. Хукуки аз номи халқ баромад карданро танҳо Президент дорад. М. Садриддин ба худ иҷоза додаст, ки беибо аз номи халқи тоҷик сухан ронад ва ҳарчи дурўғу риё ва ғаразу кина дар дил дорад, ба берун парт намояд. Ин навъ иғвогарӣ ва дасисакориро М. Садриддин солҳои сол омўхтааст ва дар иғвогарию дурўғпардозӣ устод ҳам шудааст. Бинобар ин, навиштаҳо ва изҳориназарҳои ў ҳамагӣ бепоя, бемантиқ, бемоя ва музахрафанд.

Давлатмадорӣ ва давлатдорӣ кори содае нест, ки М. Садриддин барин бесаводу иғвогар маслиҳатчию мушовир бошад. Ҳамон халқу мардуме, ки аз номи онҳо М. Садриддин бешармона ҳарф мезанад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дўст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Агар, фаразан, ин мардуме, ки М. Садриддин одат кардааст аз номи онҳо сухан бигўяд, ба Президент содиқ набошанд ва ўро дўст надоранд, бо гармию нармӣ бо шахси Президент вохўрӣ намекунанд. Ин як. Ба мулоқоташ намераванд ва аз вай самимона истиқбол намегиранд. Ин ду. Васфу ситоишаш намекунанд ва алайҳаш мешўранд. Ин се. Албатта, хеҷ ҳукумате абадӣ нест, аммо давлати сохтаи Пешвои миллат боқӣ мемонад, зеро ки шахси вай аз даруни халқ ва он ҳам халқи одӣ зуҳур кардааст ва сиёсати ў сиёсати мардумӣ ва халқӣ аст.

Ва аммо М. Садриддин, ки ҳоло шахсияти матраҳе нест ва касе ўро ба унвони донишманд ва фарҳангӣ нашнохтааст (ба ҷуз чанд нафар ҳамшарик ва ҳаммаслаки хурофотию мазҳабзада) дар одитарин суҳбатҳояш шукўҳу такаббурашро ба намоиш мегузорад. Ба амримаъруфҳою навиштаҳои ин марди мазҳабзада ва хурофотӣ таваҷҷуҳ фармоед, хоҳед дарёфт, ки аз хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ фаротар андешида наметавонад. Барои ин гуфтаҳо далел навиштаҳои ўянд, ки дар сомонааш ҷо дода шудаанд. Тасаввур кунед, ки худое нахоста, ин марди хурофӣ ба ягон мансаби баланди давлатӣ бирасад, бо он ғуруру такаббури таассубие, ки дорад, тамоми мардумро ғуломи ҳалқабаргўши худ месозад ва ҳатто аз болои онҳо рад мешавад. Офарин ва сад офарин бар Президент, ки бо доштани мақом ва нуфузи баланд бо мардум муносибати самимӣ мекунад ва ҳеҷ гоҳ худро аз будаш зиёд нишон намедиҳад.

 

Фаридун Ориёӣ

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3369
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3369
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54506
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264018

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?