20 Декабр 2018
Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар қаламрави шаҳр Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист» ва инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Шӯрои мазкур дар мавзӯъҳои «Дастовардҳои солҳои истиқлолият-самараи ваҳдати миллӣ», «Террорист ватан, миллат ва дин надорад» дар беш аз 42 корхонаву муассиса, ҷамоати шаҳракҳо, идораву ташкилотҳо баргузор гардид.
Аз ҷумла, дар толори маркази саломатӣ, МҒД «Коллеҷи тиббӣ», бахши фарҳанги шаҳр таблиғотчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳиддинҷон Файзуллоев, дотсенти муассисаи давлатии ДДХ, номзади илмҳои таърих, ӯғулой Умаралиева, дотсент, сармуттахассиси шуъбаи тарбияи муассисаи давлати ДДХ, номзади илмҳои филологӣ ва Муҳаммадҷон Ҳайдаров, сармутахассиси Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот доир намуда, доир ба мавзӯъҳои рӯзи ягонаи ахбор, пешгирии падидаҳои номатлуб, мубориза бо коррупсия баромадҳо намуданд.
Дар ҷамоати шаҳракҳо бо иштироки тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва маҳаллӣ чунин мулоқоту вохӯриҳо муташаккилона ба вуқӯъ пайвастанд.