Матни равон

Дар толори Шабакаҳои барқи Суғд ба ифтихори Рӯзи энергетика ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳаи энергетика ва кормандони шабакаҳои барқ ба ифтихори Рӯзи энергетика баргузор гардид.

Муовини раиси Ширкати кушодаи холдинги «Барқи тоҷик» Ғолиб Убайдуллозода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадҷон Раҷабов, муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён,  директори Шабакаҳои барқи Суғд Тӯра Атамов барқчиёнро бо иди касбиашон муборакбод намуданд.

Зикр гардид, ки ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Ба кор андохтани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва Давлати соҳибистиқлол мебошад. Дар ҳақиқат, имрӯз талабот ба нерӯи барқ рӯз то рӯз меафзояд.

Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерӯи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки дар даврони истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Ҳамзамон, таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда оғоз гардида,  ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Дар вазъи мутантан ба пешоҳангони соҳаи энергетика ба 10 нафар унвони фахрии «Аълочии барқи тоҷик», ба гурӯҳи калони барқчиён Ифтихорномаи ШКХ «Барқи тоҷик», Сипосномаи Раиси вилояти Суғд, Сипосномаи Раиси шаҳри Гулистон, Сипосномаи КИШ ҲХДТ, раҳматномаҳои ШБС ва мукофотҳои молию пулӣ супорида шуданд.

Собиқадорон соҳаи энергетика Мавлон Ғаниев ва Муъмин Тошматов ба сухан баромада, шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва сиёсати фардосози Пешвои миллат намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:779
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1828
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:779
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10675
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8800
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8284901

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?