22 Декабр 2018
Дар толории муассисаи давлатии таълимии № 1-и маркази шаҳр мулоқоти омӯзгорон ва мактабиён бо намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор гардид.
Фирӯз Миралиҷонов, намояндаи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Нодир Аминзода, намояндаи кумитаи марказии ҶҲАТ дар Тоҷикистон, Раънохон Исоқова, намояндаи вилоятии ҶҲАТ, Маъруф Маматқулов котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар шаҳри Гулистон баромад намуда, доир ба таърих ва фаъолияти густурдаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ сухан ронданд.
Зикр гардид, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона ба ҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстона ва ғамхорӣ кардан дар ҳаққи мардум бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот созмон дода шудааст. Инчунин тазаккур дода шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» бо 3 боб ва 17 модда қабул гардидааст, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, шаклҳои дастгирии ҷамъияти мазкурро аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро танзим мекунад.
Дар охир ба посухҳои иштирокчиён меҳмонон ҷавобҳои мушаххас доданд.