22 Декабр 2018
Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Ҳар сол 22-юми декабр дар Тоҷикистони соҳибистиклоли мо иди касбии кормандони соҳаи барқ – Рӯзи энергетика ботантана ва хотирмон таҷлил мегардад.
Ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва Давлати соҳибистиқлол мебошад.
Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳр, ки мо худро ҳамчун шаҳри барқчиён муаррифӣ менамоем, имрӯзҳо тавассути меҳнати фидокорона ва суботкорона ба дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ соҳиб шудаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар Нерӯгохи барқи обии «Қайроққум» 662,8 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд. Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат созишномаи қарзӣ ва грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ва тағйирёбии иқлим пешниҳод ва тасдиқ гардидааст.
Итминони комил дорам, ки соли равонро барқчиён бо натиҷаҳои ниҳоии беҳтарин ҷамъбаст хоҳанд кард. Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр боварӣ дорад, ки энергетикҳои гулистонӣ вазифаҳои худро оид ба таъмини нерӯи барқ бошарафона иҷро карда метавонанд ва барои пешбурду инкишофи хоҷагии халқи шаҳру вилоят ва беҳбудии зиндагии мардум ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Тамоми кормандони соҳаи энергетикаки шаҳрро бо иди касбиатон самимона муборакбод менамоям. Бароятон сиҳату саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои меҳнати орзу менамоям.