22 Декабр 2018
Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи давлатии шаҳр бо мақсади бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ дар арафаи Соли нави милодӣ аз 20 то 31-уми декабри соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда мешавад.
Зикр бояд кард, ки дар шафати бозори марказии шаҳри Гулистон барои сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шудааст.
Деҳқонони шарафманди ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Панҷакент, корхонаҳои ордбарорӣ, моҳипарварии шаҳр, идораҳои иттифоқи матлуботи вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддӣ ба гулистониён маҳсулоти полезӣ, анвои мева, биринҷ, равған, гӯшт, орд, шакар, асал, маҳсулоти ширию қаннодӣ ва амсоли инро бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд. Тибқи нақша бояд дар маҷмӯъ дар ин рӯзҳо ба гулистониён беш аз 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва мавриди ниёз пешниҳод карда мешавад.
Рӯзҳои 21, 22-юми декабр ба сокинони шаҳр намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва шаҳри Панҷакент, корхонаҳои ҶДММ ”Фаровон”, ҶСК “Моҳипарварии Гулистон”, ба миқдори 36,9 тонна маҳсулоти кишвоарзӣ ва марвиди ниёзро бо нархҳои нисбатан ба марказҳои савдои шаҳр аз 15 то 20 фисад арзон пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки дар бозори марказии шаҳр рӯзи шанбеи ҳар ҳафта аз тарафи шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо даъвати хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи ҳамҷавори Бобоҷон Ғафуров ташкил мегардад.