25 Декабр 2018
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “24-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Гулистон рӯзи душанбе ба ифтихори ҷашни Соли нави милодии 2019-ум таҳти унвони “Хуш омадӣ, эй соли нави милодӣ!” чорабиниҳои солинавии муасисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва коллеҷи тиббӣ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оғоз гардид.
Чорабиниро муҳассилини МТМУ № 1 оғоз намуданд. Хонандагони ин муассисаи таълимӣ дар саҳнаи боғ консерти калони идонаро манзури сокинон ва меҳмонон намуда, дар васфи Ватан, истиқлолият, ваҳдат, модар ва табиати зебои кишвар саҳнаву тарона ва шеърҳо намоиш ва қироат намуданд.
Чорабиниҳои солинавӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “24-солагии Истиқлолият” то санаи 31-уми декабр ҳамарӯза аз соати 15.00 баргузор мегарданд.