31 Декабр 2018
Ҳамшаҳриёни азиз!
Соли 2018, ки мо онро дар китоби навини таърихи давлатдории халқамон бо хати заррин номнавис менамоем, бо рӯйдодҳои фараҳбахш ва илҳомбахш – ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оғози расмӣ ва пазироии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти Пешвои муаззами миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ба истифода дода шудани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷлили ҷашни ҳумоюни 27-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафтуомади мутақобила ва сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва дигар рӯйдодҳо рост омад. Дар ин соли пурфайз мардуми шаҳри Гулистон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, дар шукуфоии кишвар ва рушди ҷомеа саҳми босазо гузоштанд.
Бо шарофати татбиқи сиёсати оқилонаву ояндасози Пешвои хирадманди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозӣ гардидани иқдоми Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рушди бомароми иқтисодӣ ва дастовардҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият соли 2018-умро хотирмон гардонидааст. Дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол намудаи корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 3,2 миллиард сомониро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот назар ба соли 2000-ум 358 маротиба афзудааст.
Имрӯз шаҳри саноатии мо беш аз 31 фисади ҳаҷми маҳсулоти вилояти Суғдро таъмин карда, зиёда аз 95 намуди аслии маҳсулотро истеҳсол менамояд. Шаҳри Гулистон бо 19 кишварҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дошта, ҳаҷми содирот нисбати воридот 6 маротиба афзудааст. Шаҳри мо шаҳри дорои имконоти калони рушди соҳаи туризм буда, ташрифи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ сол аз сол ба маротиб зиёд мегардад. Ин нишондиҳандаҳои арзанда ва комёбии калони гулистониён мебошад. Ҳамаи ин дастовардҳоро самараи Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва эътиқоди сокинони шаҳр ба сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Ин лаҳзаҳои хотирмон мо бо ин ҳама дастовардҳои меҳнатӣ соли 2018-умро гусел ва соли нави мелодии 2019-умро бо шукргузорӣ аз сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат, бо эътиқоди қавӣ ба фардои нек, музаффариятҳо дар ҳама самтҳои фаъолият пешвоз мегирем. Гулистониён бо ифтихормандӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҳамеша кору пайкор доранд. Анъанаву таҷрибаи пешқадаму некро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ густариш ва таҳким мебахшанд
Итминони комил дорам, ки соли нави милодӣ низ барои мардуми кишвар, аз ҷумла, сокинони шаҳри Гулистон соли бобарору пурфайз, соли ифтихору рӯҳбаландӣ ва иқдомҳои неку дастоварҳои меҳнатӣ хоҳад шуд. Солҳои 2019-2021-ум бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, боварӣ дорем, ин иқдоми наҷиб аҳли ҷомеаро бештар ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба ҳунаромӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, тарғиби шуғли пурмаҳсул, фарҳанги ватандориву ватанпарварӣ ва накӯтарин хислатҳои инсонӣ ҳидоят менамояд. Ҳамзамон, фаромӯш набояд кард, ки мо ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои зиёди созанда дорем ва барои иҷрои сифатнок ва саривақтии онҳо масъул ҳастем. Ҳамаи ин ба дӯши мо масъулияти баландро гузошта, муваззаф менамояд, ки дар ҳамаи самтҳо фаъолияти хешро густариш дода, барои ободонӣ, хуррамӣ ва сарсабзии кишвари азиз ва ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ талош намоем.
Бо чунин ниятҳои нек тамоми сокинони шаҳри Гулистонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, бароятон саодати рӯзгор, зиндагии пурнишот, дасторхони пур аз нозу неъмат, саломатию хотирҷамъӣ ва дастовардҳои беназири меҳнатиро таманно дорам.
Соли нави милодӣ муборак бошад, ҳамшаҳриён!