Матни равон

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» ба ифтихори Соли нави милодӣ чорабинии солинавӣ бо иштироки сокинон, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву идора, ташкилоту муассисаҳои маркази шаҳр баргузор гардид.

Ҳозиринро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо фарорасии Соли нави милодии 2019 табрик намуд. Зикр гардид, ки соли 2018 дар китоби навини таърихи давлатдории халқамон бо хати заррин номнавис мешавад ва он бо рӯйдодҳои фараҳбахш ва илҳомбахш – ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оғози расмӣ ва пазироии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти Пешвои муаззами миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ба истифода дода шудани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷлили ҷашни ҳумоюни 27-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафтуомади мутақобила ва сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва дигар рӯйдодҳо рост омад.

Дар ин соли пурфайз мардуми шаҳри Гулистон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, дар шукуфоии кишвар ва рушди ҷомеа саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсол намудаи корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 3,2 миллиард сомониро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот назар ба соли 2000-ум 358 маротиба афзудааст. Имрӯз ин шаҳри саноатӣ беш аз 31 фисади ҳаҷми маҳсулоти вилояти Суғдро таъмин карда, зиёда аз 95 намуди аслии маҳсулотро истеҳсол менамояд. Шаҳри Гулистон бо 19 кишварҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дошта, ҳаҷми содирот нисбати воридот 6 маротиба афзудааст.

Санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини консертиро ба ифтихори иди Соли нав манзури ҳозирин намуданд.

Ҳамчунин дар шаш ҷамоати шаҳракҳо низ чунин чорабиниҳо ба вуқӯъ пайваста, сокинон бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даврони истиқлолият дар чорабиниҳо муташаккилона ширкат варзиданд.

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1537
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1734
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4888
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10675
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12909
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:66589
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8289010

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?