Матни равон

То имрӯз оид ба таърихи Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Ҳар муҳаққиқе, ки доир ба таърихи пайдоиши он тадқиқоти илмӣ бурдааст, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи ҳахоманишиҳо мансуб медонад.

Аксари  бостоншиносон чунин ақида доранд, ки он ба давраҳои хеле қадимаи тотаърихӣ (то пайдоиши хат ва давлатҳои нахустин), яъне ба замони Пешдодиён рост меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000 - сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба таърихи пайдоиши Ҷашни Наврӯз ба бозёфтҳои моддии бостоншиносӣ рӯ меорем.

Дар таъриху тамаддуни башарият марҳилае бо номи «Инқилоби неолитӣ» маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7 - 6 пеш аз мелод) инсоният вобаста ба иқлими мавзеи зист ба ҳаёти муқимӣ рӯ оварда, ба бунёди деҳшаҳрҳо, ба кишти зироатҳои ғалладона машғул мешавад. Ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразми Панҷакент таърихи беш аз 5500 - сола дошта, 40 сол аст, ки таҳқиқ карда мешавад. Бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли асосии саразмиён кишоварзӣ буда, ҳамзамон, бо ҳунармандии гуногунсоҳа (кулолӣ,  маъданҷӯиву маъдангудозӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва ғайраҳо), инчунин, равобити савдову тиҷорат бо қабилаҳои ҳамҷавори АвруОсиё доштаанд.

Дар давраи ҳаёти мадании Саразмиён ва қабилаҳои ҳамҷавори он давра (ҳазорсолаҳои 4 - 3 - и қабл аз мелод) ҳанӯз хат вуҷуд надошт. Ҳангоми пажӯҳишҳои бостоншиносӣ аз Саразм даҳҳо зарфҳо ва пораҳои сафоли мунаққаш пайдо шудаанд. Кулолон ва рассомони аҳди бостон тахайюлоту фаҳмишу дарки муҳити хешро бо нақшҳои ҳандасӣ дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабт намудаанд. Ҷолиб он аст, дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабзиши майсаи ҷаву гандум, мавҷи дарёву ҷӯйбор, нури зиндагибахши Хуршедро моҳирона ҳаккокӣ намудаанд. Мардуми аҳди қадим омад - омади баҳорро баъди сардию карахтии замин интизорӣ кашида, бо базму маросимҳои ба худ хос, махсус бо афрӯхтани оташ пешвоз мегирифтанд.

Аз қабатҳои сеюму чаҳоруми маскуни маданияти Саразм, ки ба нимаи аввал ва охири ҳазорсолаи III пеш аз мелод мансубанд, изи даҳҳо мавзеи оташафрӯзӣ дар зери осмони кушод пайдо шуданд. Саразмиён дорои маданияти баланду рушдёфтаи меъмории замони хеш буданд. То имрӯз дар 17 мавзеи ёдгорӣ пажӯҳиш гузаронда шуда, боқимондаҳои биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва растаҳои ҳунармандӣ кашф гардиданд. Гумон меравад, ки пеш аз оғози биносозӣ гурӯҳи муайяни меъморон лоиҳаи сохтмонро пешакӣ тарҳрезӣ намудаанд. Бештари биноҳо тарҳи росткунҷаро дошта, дару тирезаҳои онҳо ба самти Шарқу Ғарб, яъне самти офтоббаро ва самти тулӯи Офтоб нигаронда шудааст. Чунин биноҳо аз якчанд ҳуҷра ва баъзан як ва ду толори васеи барҳаво иборатанд. Дар маркази толорҳо оташкадаҳои мудаввар ва чоркунҷа бо умқи марказии начандон калон мавҷуданд.

Чунин оташкадаҳо аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии ҳамдавру ҳамзамони саразмиёни бостон дар ёдгориҳои Мундигоки Афғонистон, Шаҳри Сӯхтаву Теппаи Ҳисори Эрон, Пираки Балуҷистон, ёдгориҳои маданияти Анаву Намозгоҳтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ ва дигар мавзеъҳои бостонии Осиёи Марказӣ пайдо шудаанд. Пас, гумон меравад, ки ибодат ба “оташ” ҳамчун рамзи бузургдошти Хуршед ҳанӯз аз ҳамин давраҳо дар байни қабилаҳои аҳди қадими кишоварзӣ маълум буда, садсолаҳои минбаъда аз насл ба насл гузашта, бо пайдоиши нахустдинҳо (зардуштия) ва нахустдавлатҳо бо тобишу ҷилои нав дар (ҳазорсолаҳои II - I қабл аз мелод) бо номи «Ҷашни Наврӯз» ба ҳукми анъана даромадааст.

Зимнан, Наврӯз, ки дар тамоми давру замон ба ягон мазҳабу дину оин алоқамандие надошта, аз тобишҳои сиёсии давру замон эмин монда, то имрӯз аз тарафи мардуми тамаддунофарин - тоҷикон ва меросбарони дигар дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Инкишофи он аз ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Осиёи Марказӣ, бахусус Саразми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун яке аз аввалин шаҳрҳои олам шинохта шудааст, сарчашма мегирад.

Барои мардуми кишоварз, ки бесаброна омадани баҳори нозанинро интизорӣ мекашиданд, сабаб гаштааст, ки ин айёмро бо маросимҳои ба худ хос истиқбол гиранд. Пас, чӣ сабаб гаштааст, ки рассомони Саразм бо маҳорати баланд дар рӯи зарфҳои сафолӣ мавҷи хурӯшони ҷӯйборон, нурафшонии Хуршед, сабзиши гандум ва пухта расидану сар хам кардани хӯшаҳои онро тасвир намудаанд.

Сабзиши гандум омад - омади фасли баҳорро ифода намояд. Пухта сар хам намудани хӯшаи гандум, ба иди ҳосилот, ки баъдан ҳамчун иди Сада маълум гашт, ишора дорад. Он то имрӯз яке аз ҷашнҳои фархундаи миллии мо мебошад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯзу ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм бо арзишҳои баланди фарҳангии хеш ҷаҳонӣ гашта, ба Феҳрасти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва соли 2020 5500-солагии Саразм дар миқёси ҷаҳон таҷлил мешавад.

Абдурауф РАЗЗОҚОВ, бостоншинос

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1217
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2269
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16818
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10133
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7742523

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?