Матни равон

Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷавонон дар кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр аз майдони тозабунёди шуъбаи маориф роҳпаймоии ҷавонони гулистонӣ то Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат!” бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, осоишгоҳҳо, коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ибтидо беш аз 100 нафар варзишгарони гулистонӣ ҷоизадорони мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ, инчунин ғолибони мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр дар даст шиору парчамҳои идона бо нидои мутантани “Шараф ба Пешвои миллат!” қадамзанӣ намуданд. Сипас гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр, иштирокчиёни фаъоли ҳафтаи худидоракунӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, гирандагони Стипендияи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар даст шиору овезаҳои “Ҷавонон неруи созандаи миллат!” “Шараф ба ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият!” бо эҳсоси баланди худшиносиву садоқатмандӣ ба Ватану сулҳу суботи кишвар роҳпаймоӣ намуданд.

Баъд аз он намояндагони корхонаҳои саноатӣ – ҷавонони меҳнатқарини ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, ҶМТКММ “Апрелевка”, Шабакаҳои барқи Суғд, Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” дар даст шиору парчамҳои идона қадамзанӣ намуданд.

Ҷавонони саодатманди ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Сирдарё, Зарнисор ва Чоруқдаррон бо нидоҳои идонаи “Шараф ба ҷавонони даврони соҳибистиқлолият!”, “Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!” дар даст шиору парчамҳо сарбаландона роҳпаймоӣ намуданд. Донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф низ бо рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ бо нидоҳои мутантани идона ва дар даст шиору парчамҳо дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ дар роҳпаймоии ҷавонони сарбаланди гулистонӣ намояндагони 16 корхонаву ташкилот, муассисаву идораҳо бо теъдоди қариб се ҳазор нафар иштирок намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:258
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2752
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8947
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24667
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44270
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8637851

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?