Матни равон

Масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ ва рӯзгордории халқи тоҷик, қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад.

Бо ин мақсад дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон Фестивали шаҳрии «Атласу адрас» баргузор гардид. Фестивал аз рӯи шартҳои беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси расмӣ ва рӯзмарра, беҳтарин либоси идона, инчунин бо дарназардошти намуди эстетикӣ ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ҷараён гирифт. Дар фестивал намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳамзамон ҳунармандони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуданд. Барои “Беҳтарин либоси кӯдакона»: Раҳматова Рамзия, Олимова Ясмина, Маллаев Имран, барои «Беҳтарин либоси расмӣ» Халилова Мадина, Камила Ёқубова, Аҳмадзода Саидахон, барои «Беҳтарин либоси рӯзмарра” Одинаева Нигора, Ғаниева Мафтуна, Шаробова Марям ва барои «Беҳтарин либоси идона” Иномҷонова Фирӯза, Артукова  Фарангис, Музафарова Азиза соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин ҷамоати Чоруқдаррон барои либоси идона, ҷамоати Сирдарё барои либоси расмӣ ва  ҷамоати Консой барои либоси рӯзмарра ҷойҳои аввалро ишғол намуданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:261
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2752
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8950
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24667
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44273
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8637854

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?