Матни равон

Кӯдакону  наврасони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки таҷлили Рӯзи кӯдакон дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сол аз сол шукӯҳу шаҳомат гирифта, он ба иди умумихалқӣ табдил ёфтааст.

Ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон барои амалишавии орзуву умедҳои онҳо, дастгирии бачаҳои эҳтиёҷманд, бахусус ятиму бепарастор, дар мадди назар доштани  вазъи ҳаёти кӯдакон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳисоб меравад.

Тибқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишварамон садҳо боғчаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, ҳазорҳо муассисаҳои таълимии миёна ва умумӣ, омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо, даҳҳо мактабҳои олӣ ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон машғуланд.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки савияи дониш ва малакаву истеъдоди насли наврас дар қиёс бо солҳои пешин ба маротиб афзоиш ёфта, дастовардҳои наврасону ҷавонон дар соҳаи илм, санъат ва варзиш назаррас аст.

Барои расидан ба ҳадафҳои нек мо ба хираду дониши омӯзгорону мураббиён ва падару модарон эътимоди қавӣ дорем. Танҳо падару модар ва омӯзгор бо муҳаббату навозиш метавонанд ба дили ҳар як кӯдаку наврас рӯҳияи донишомӯзӣ,  ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷавонону наврасон тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Дар рӯзгори мо беҳтарин сарчашмаи нуру зиё ва саодату хушбахтӣ ин ҳастии кӯдакон аст.    Кӯдакону наврасон ҳамеша ба тарбияву ҳидояти нек ва насиҳату раҳнамоии калонсолон ниёз доранд. Ин масъулияти муҳимро мо бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш насозем. Барои солиму ҷисман устувор ба камол расидани насли наврас мо бояд ҳамагон саҳмгузор бошем.

Фарзандони азиз! Шумо имрӯз вазифадоред, ки неруи ақливу ҷисмонии худро ба хондану таълим гирифтан, шахси соҳибмаърифату бофарҳанг шудан равона намоед. Дониш беҳтарин сарчашмаи хушбахтии инсоният аст ва омӯзиши он барои беҳбудии рӯзгор ва ҳалли масъалаҳои оянда дар тақдири шумо саҳмгузор хоҳад буд. Дар давромни истиқлолияти давлатӣ шумо аз ҳама назокату фароғати тифлӣ баҳравар гардида, бо лабханду одоби ҳамида, дониши аълову истеъдоди олӣ ба рӯзгори мо файзу шукӯҳи дигарро ворид месозед.

Бо чунин таманнову орзуи нек  ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи кӯдакон сидқан табрик намуда, хоҳони онам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед.

Иди кӯдакон, иди фараҳу шодӣ бароятон муборак бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2601
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14781
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48380
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690300

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?