Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо тамоми тоҷикистониён барои таҷлили 30-юмин солгарди он камари ҳиммат маҳкам бастаанд, мо имкон пайдо кардем, то ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро озодона таҷлил намоем. Моҳи шарифи Рамазон – моҳи саршори имон ва меҳр, хайру сахо ва мағфирати гуноҳҳо ба охир расид. Ба ин муносибат ҳамаи Шумоёнро ба иди саиди Фитр самимона муборакбод менамоям. Ба ҳар яки Шумо ва хонадонатон сиҳатмандиву осоиш, хушбахтиву баракоти рӯзгор, имону инсоф ва комёбиҳо таманно менамоям.

Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқоти пурмуҳтаво доир намуда, дар ҳошияи он ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Яке аз масъалаҳои асосии суханронии Пешвои миллат ин оид ба пос доштани арзишҳои динӣ, шинохти моҳият ва фазилатҳои рӯзадорӣ ва моҳи шарифи Рамазон, талқини хайру саховатмандӣ ва риояи фарҳанги сириштакорӣ бахшида шуданд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки : «Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад».

 

Дар ҳақиқат, моҳи шарифи Рамазон моҳи ихлосу сипос, меҳру муҳаббат, моҳи худшиносиву худошиносӣ буда, инсонро ба росткорию ростгӯӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, ба сабру қаноат ва ба иттифоқу муттаҳидӣ ва ваҳдат даъват менамояд. Дар ин моҳи Шариф ҳамаи мо бо нияти холис аз сидқи дил барои тинҷиву амонӣ, ободонии диёр меҳнат кардем, тоату ибодат ба ҷо овардем. Ин моҳи муборак на танҳо ҳисси худоҷӯию инсоф, инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмии моро афзун сохт, балки ба саломатии мо, сиҳатии рӯҳу ҷисми мо, офияти маънавии мо низ манфиати бешумор ато намуд.

Дар шароити имрӯза фазои динии аксари кишварҳои олам, бахусус як қатор мамлакатҳои мусулмониро ҷангу набардҳои даҳшатбор, кирдорҳои нафратовари экстремистиву террористӣ фаро гирифтаанд ва дар натиҷаи чунин амалҳо ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар аз хонаву кошона ва ватани худ маҳрум гардида, ба фирориёни маҷбурӣ табдил ёфтаанд. Гурӯҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз шиорҳои диниву мазҳабӣ мехоҳанд авзои ҷомеаи муосирро ноором ва суботи кишварҳои оламро халалдор созанд.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.

Бузургони мо фармудаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон беназир буда, аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад. Чандин сол аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар арафаи идҳои суннатӣ корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳру шаҳракҳо, сохторҳои тиҷоратӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа, беморону барҷомондагон, ятимону пирони танҳо кумак мерасонанд. Ин хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маҷрӯҳону пирони танҳо, ки  дар рӯзҳои ид чашми умед сӯи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва исломии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст мебошад.

Дар охир ҳамагонро бо Иди саиди Фитр табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Рамазон муборак бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1629
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14042
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92429
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632274

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?