Матни равон

Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи нақшаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” доир гардид.

Маҳфилро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ доир ба ғояи ваҳдати миллӣ ҳарф зад. Сипас адибон – мудири шуъбаи назми маҷаллаи “Паёми Суғд”, барандаи ҷоизаи байналхалқии “Содружество-Дебют” шоира Дилором Солибоева ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, нависанда Матлуба Ёрмирзоева ба сухан баромада, доир ба арзиши ваҳдати миллӣ ҳарф зада, аз ашъори худ намунаҳо қироат намуданд.

Дар маҳфил инчунин аъзои доираи адабии Гулистон Илҳом Раҳим, Исмоил Саидов, Муқаддас Бобоева, Ширинмоҳ Султоналиева, Зайнура Ҷӯраева, инчунин раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ мубодилаи афкор намуда, дар васфи ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву рафоқат аз ашъори худ ва адибон намунаҳо қироат карданд.

Дар интиҳо ба иштирокчии фаъоли озмуни вилоятии иншои беҳтарин дар мавзӯи “Истиқлолият ва Ваҳдат ду бол як иқбол” толибаи муассисаи таълимии рақами 12-и деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон Дилдора Ҷалилова, ҳамчунин ба собиқадори Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нурилоева ифтихорнома ва туҳфаҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон супорида шуд.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1428
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2229
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1428
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15424
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50790
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:79522
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1990874

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?