Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими тақдирсози миллату давлат ба вуқӯъ пайваста, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ин рӯзи муборак рост омад, ки он дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи Роҳбари муаззами мо амалӣ гардид. Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад.

Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорем, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони мо қарор дошт. Дурустии ин мавқеъгирии устуворро гузашти айём ба хубӣ собит намуд. Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Расидан ба сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии мо мебошад. Дар бораи аҳамияти ин падида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дақиқ иброз доштанд, ки Созишномаи  сулҳ бо арзиши  бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва татбиқи бомуваффақияти андеша ва ғояи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъйинкунанда доранд.

Тамоми дастовардҳое, ки мардуми ҷумҳурӣ дар марҳилаи ҳозира бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ  қарор додааст, аз мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд, зеро ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ободонии кишвар мебошанд.

Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъат меёбанд. Ҳамзамон, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ Ваҳдати миллӣ бо баъзе таҳдидҳои наве рӯ ба рӯ гаштааст, ки моҳияти иттилоотӣ ва шабакавӣ доранд. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки роҳҳои иттилоотӣ ва муосири ҳифзи Ваҳдати миллӣ низ истифода шаванд. Ваҳдати миллии комил ҳамон вақт ҷомаи амал мепӯшад, ки мо корҳои оғозкардаи худро бо заҳмати шабонарӯзии аҳлона, софдилона ва содиқона ба анҷом расонем.

Шукр мегӯем ва шукрона аз он дорем, ки Ваҳдат насибамон гашт. Бале, тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободонии Ватан танҳо дар сурати Ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд.

Дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат имрӯзҳо дар қаламрави шаҳри мо низ корҳои бунёдкоронаву созандагӣ баҳри беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Боиси сарбаландист, ки кулли сокинони Гулистон низ дар ин маъракаҳо якдилу якҷон иштироки фаъолона доранд. Имрӯз симои маркази шаҳр тарҳи нав ва замонавӣ гирифтааст. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки шаҳри мо яке аз нишонаҳои барҷастаи он ҳамчун шаҳри дӯстии халқҳо маъруф аст, дар ҷодаи таҳкими Ваҳдату Истиқлолияти Ватани азиз устуворона ва собит қадам мезанад.

Бо камоли эҳтиром ин рӯзи муборак ва ҳумоюнро ба тамоми мардуми сарбаланди шаҳри Гулистонро табрик мегӯям ва ба хонадони кулли сокинони шаҳри азизамон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва ваҳдати миллии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:828
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10001
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38560
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7770950

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?