Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода баргузор гардид. Иҷлосия бо танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Пас аз интихоботи котиботи иҷлосия, вакилон рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд.

Муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14-уми марти соли 2018, № 89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Гулистон маърӯза намуд. Вакилон Савриҷон Бойматова аз ҳавзаи интихоботии «Истиқлол», № 8 ва Парвиз Аҳмадҷонов вакил аз ҳавзаи интихоботии  «Зарзамин», № 15 роҷеъ ба масъалаи асосӣ ба музокира баромаданд.

 

Дар бораи фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилон оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет аъзои Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Иброҳимӣ Ҳасан Ноёбвакил аз ҳавзаи интихоботии «Навгарзан», № 35 ахборот пешниҳод намуд. Вакилон инчунин ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Хисрав”, №17 Муҳаммадзода Мӯминро доир ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ шуниданд.

Дар бораи ба фурӯш гузоштани истироҳатгоҳи «Қайроққум»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Наимҷон Пӯлодов иттилоот дод. Вакил аз ҳавзаи интихоботии “Зарчашма”, №19 Абдуҷамил Иброҳимзода доир ба ин масъала мубодилаи афкор намуд.

Дар фарҷоми кори иҷлосия вакилон қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Гулистонро вобаста ба кадрҳо ва оид ба маблағгузории чорабиниҳои гуногун тасдиқ намуданд.

Доир ба масъалаҳои дар иҷлосия баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар кори иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳаким Ҳакимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз танинандозии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) пӯшида эълон гардид.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1095
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10268
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38827
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7771217

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?