Матни равон

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 22.07.2019 сол сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд.

 

Тахминан соати 16:35 дақиқа ба ин ҳолат шаҳрвандони ҶҚ  монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд.  Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурданд, ки бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд. Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Шаҳрвандони ҶҚ аз фурсат истифода бурда, ғайриқонунӣ роҳи «Исфара-Ворух»-ро бастанд.

Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии Сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд.

Айни замон намояндагони расмии ниҳодҳои сарҳадбони Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мақомоти дахлдори ҳарду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1186
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14375
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12496
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8757223

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?