Матни равон

Дар толори хурди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони беш аз 26 васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ 36 рӯзноманигор иштирок намуданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти пурсамари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли 2019-ум иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар соли ҳисоботӣ соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром доштанд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ дар шаш моҳи соли 2019 ба маблағи аз 1 миллиарду 565 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз 33 корхонаи саноатии шаҳр 22-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,0% то ба 2 маротиба зиёд расонида, бо 16 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доранд. Маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 63,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳамчунин, маблағи маҳсулоти воридотӣ  ба 13,5 миллион доллари амрикоӣ баробар буда, фарқияти содирот аз воридот 4,7 маротиба зиёд шудааст.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 28,7 фоизро ташкил дод. Дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Давоми шаш моҳ дар шаҳри Гулистон 5 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуда, барои 125 нафар ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.

Давоми нимсола ба қисми даромади буҷети давлатӣ 81,6 миллион сомонӣ (100,4%) маблағҳои андозу пардохт ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ ба маблағи 23,1 миллион сомонӣ (104,1%) иҷро шуд. Дар давоми шаш моҳ ба иқтисодиёти шаҳр 247,5 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид. Аз ҷумла, 227,5 миллион сомониро инвеститсияҳои хориҷӣ ва 20 миллион сомониро инвеститсияи дохилӣ ташкил дод.

Музди маоши миёнаи кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ 1881 сомониро ташкил медиҳад. Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10407 ададро ташкил медиҳад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 8825 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 397 нафар зиёд аст ва 257 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо бояд 180 иншоот бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардад. Дар давоми соли 2018 ва шаш моҳи соли 2019 ҳамагӣ 115 иншоот, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети шаҳр-51 адад, аз ҳисоби ширкатҳо-24 адад, аз ҳисоби соҳибкорон-22 адад ва аз ҳисоби аҳолӣ-18 адад мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Дар давоми шаш моҳ 2 км роҳҳои автомобилгард таъмири асосӣ, 1 км таъмири ҷорӣ, 16 км шағалпӯш карда шуд.

Дар нимсола зиёда аз 707 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва тарғиботӣ-ташвиқотӣ гузаронида шуданд. Дар ҳудуди шаҳр 4 ҳизби сиёсӣ, 16 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 9 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият доранд.

Аз 572 нафар хатмкунандагон ба Маркази миллии тестӣ 354 нафарашон ҳуҷҷат супоридаанд. Шумораи умумии компютерҳо дар мактабҳо 629 адад буда, 85 принтер, 10 тахтаи электронӣ ва 10 проектор мавҷуд мебошад. Барои ташкилӣ истироҳати тобистонаи мактабиён 100 ҳазор сомонӣ аз буҷети шаҳрӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар ин давра дар маҷмӯъ ба 1805 оила ёрии моддӣ ва молиявӣ ба маблағи 267,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Дар шаҳр барои қабули 2015 нафар сайёҳон, осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо»,  урдугоҳи «Шоҳин» ва марказҳои солимгардони «Соҳил» ва “Усмонҷон” фаъолият мебаранд. Инчунин 4 меҳмонхона фаъолият дорад. Дар давоми сол ба шаҳр 2972 нафар меҳмонони хориҷӣ ва беш аз 12025 нафар сайёҳони дохилӣ ташриф оварданд. Маблағи воридгардида дар маҷмӯъ 16,9 млн сомонӣ, аз ҷумла хориҷӣ 3,1 млн сомониро ташкил дод.Ҳиссаи туризм дар хизматрасониҳои пулакӣ 46,4% баробар аст.

Сипас Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба саволҳои намояндагони ВАО посух дод. Рӯзноманигорон доир ба рушди сайёҳӣ, вазъи корхонаҳои саноатӣ ва экологӣ, рушди таҳсилоти томактабӣ, ободонии роҳҳо, масъалаи ташноби маркази шаҳр, таъмини аҳолӣ бо қитъаи замин,  оби нӯшокӣ,  вазъи обутобгоҳҳо, таъмири муассисаҳои тиббӣ, ташкили мағозаҳои армуғонфурӯшӣ ва бозорчаи деҳқонӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва монанди ин саволҳо дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:717
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1904
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57982
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7699902

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?