Матни равон

22 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” боздид ба амал оварданд.

Дар ҳудуди боғ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.

Дар намоиш навъҳои беҳтарини меваҷот, сабзавот ва полезӣ, аз қабили себ, шафтолу, нок, анҷир, олу, пиёз, қаланфур, помидору бодиринг, каду ва тарбузу харбуза ба маъраз гузошта шуд, ки аксари онҳо маҳсулоти Боғи миллии “Ваҳдат” аст

Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 — ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд ва имрӯз он ба як мавзеъи дилфиреб ва макони ризқофарии марди деҳқон мубаддал гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандон ба чиниши себ ва олу дар Боғи миллии “Ваҳдат” оғоз бахшиданд.

Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Дар муассисаи давлатии боғи миллӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар ин ҷо 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бо вазъи моҳипарварӣ, ки дар се кули масоҳаташ 0,35 гектар роҳандозӣ гардидааст, шинос шуданд.

Дар ҳавзҳои он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” сар дода шудааст.

Дар қисми дигари Боғи миллии Ваҳдат Сарвари давлат ба чиниши олу оғоз бахшиданд. Тавре мушоҳида гардид, шохаҳои дарахтони боғ аз меваи бисёр сар хам кардаанд, ки ин аз фаровонҳосилии боғоти мамлакат шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ талабот ба меваҳои хуштамъ, шаҳдбор ва хушкмеваҳои хушсифати Тоҷикистон зиёд аст. Айни ҳол аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои ИДМ, Чин ва дигар давлатҳо меваю полезӣ ва сабзавоти тару тоза содирот мегардад. Аз ин ҳисоб шаҳрвандони мамлакат даромади соф гирифта, рӯзгори хешро беҳтар месозанд.

Бо дарки ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои куҳна барқарор ва боғоти интенсивии меваҳои содиротӣ афзун мегардад.

Баъди шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:362
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20343
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50308
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692228

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?