Матни равон

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 0,5 гектар бунёд ёфта, сохтмони он давоми камтар аз се моҳ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ба анҷом расонида шудааст.

Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 17 метрро дар бар гирифта, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст.

Давраи Нишони давлатӣ 2,5 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 19,5 метр баробар мебошад.

Майдони Нишони давлатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардонида шуда, роҳравҳои атрофи он дар масоҳати зиёда аз 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд.

Ҳамчунин иншоот бо зиёда аз 100 ҳазор дона гулу буттаҳои мавсимӣ сабзу хуррам гардонида шуда, бо фароҳамсозии шароити зарурӣ ин майдон ба як макони диданӣ табдил ёфтааст ва барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ин шаҳри саноатию сайёҳӣ басо мувофиқ мебошад.

Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистон шабонгоҳ қариби 70 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояи Нишонро 10 адад чароғак хеле назаррабо мегардонанд.

Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ дар масоҳати 600 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зиннат ёфтаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин фаввораҳои зебо бунёд гардидаанд, ки тарҳи он муосир ва ҷолиби диққат мебошад.

Дар майдони Нишони давлатӣ қариб 100 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 3 айвонча низ мавҷуд аст.

Иншоот дар назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар шафати роҳи мошингард бунёд карда шуда, 320 метр девор ва 200 метр панҷараҳои иҳотавии бинои мазкур навсозӣ гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар майдони Нишони давлатӣ баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррамии атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Майдони навбунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир буда, ба макони асосии тамошо ва саёҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бунёди рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти муқаддости миллӣ амалӣ гардидааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  23.08.2019 Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  23.08.2019 Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  23.08.2019 Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  23.08.2019 Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  23.08.2019 Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  23.08.2019 Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  23.08.2019

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1932
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6310
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:62388
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7704308

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?