Матни равон

Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани ҶДММ «ЗирвЭко» ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров таъсис дода шуда, дар он дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани растанӣ коркард мешавад.

Равғани хоми офтобпараст, пахта, рапс ва соя аз корхонаҳои равғанкашии ватанӣ ва инчунин аз хориҷи мамлакат ба ин корхона дастрас гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон дар 7 марҳила ва дар шароити пӯшида поксозӣ карда мешавад. Дар натиҷаи полоиши чандкарата равғани безарар, баландсифат ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар корхонаи муосири ҶДММ «ЗирвЭко» 40 нафар сокини маҳалӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маоши кормандон ба ҳисоби миёна 1500 сомониро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, ҷараёни коркарди равғани растанӣ тавассути технологияи муосир назорат мегардад.

Маҳсулоти ба корхона воридшуда ва ҳам баъди коркард, яъне маҳсулоти тайёр аз ташхиси пурра гузаронида мешавад. Дар заминаи коркарди дуруст ва ташхиси ҳамаҷониба мутахассисон ба сифат ва бехатарии маҳсулот кафолат медиҳанд. Ташхисгоҳи ҷамъият бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ва дар 7 қабат васлу насб гардидааст. Чунин намуди технологияи коркарди равғани растанӣ бори нахуст ба мамлакат ворид карда шудааст ва барои муҳити зист зарар намерасонад. Барои нигоҳдории равған дар саҳни корхона ва инчунин дохили бинои асосӣ зарфҳои махсуси ба ҳама ҳолат тобовар гузошта шудааст, ки ҳаҷми умумии ғунҷоиши онҳо ба 400 тонна баробар мебошад. Баъди коркарди пурра равғани растанӣ бо тамғаи «Олия» ва «Софӣ» дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр банду баст мешавад.

Маҳсулоти корхона асосан дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, ҳамчунин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад.

Дар оянда масъулон нақша доранд, ки истеҳсоли чарбуи растаниро низ ба роҳ монанд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф таҷҳизоти асосӣ аллакай харидорӣ ва ворид карда шудааст. Технологияи истеҳсоли чарбу аз равғани растанӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 10 сол пеш ба роҳ монда шудааст ва дар миқёси Осиёи Миёна ҳанӯз вуҷуд надошт. Баъди ба кор андохтани ин хати истеҳсолӣ корхонаи ҶДММ «ЗирвЭко» дар ҷаҳон 26 -умин корхонаи истеҳсолкунандаи ин намуд маҳсулот ба ҳисоб хоҳад рафт.

Чарбуи растанӣ асосан барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, хоса маҳсулоти ширӣ, гуштӣ, шириниҳо ва ғайра истифода бурда мешавад ва имрӯз ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко» дар маҳаллаи «Ваҳдат» — и шаҳри Хуҷанд дар майдони қариб 1 гектар бунёд карда шудааст.

Иқдоми соҳибкор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда ва ҳамчунин содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат шоёни таҳсин арзёбӣ гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2923
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3255
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16112
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19444
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:14233
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8758960

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?