Матни равон

Cарфи назар аз он, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби қирғиз, алалхусус баъзе сокинони ғаразноки он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, мунтазам ин созишҳоро қасдан вайрон карда, дар сарҳади давлатӣ

мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд ва вазъияти ноустуворро ба вуҷуд меоранд, ки боиси норозигии худи сокинони маҳалҳои аҳолинишини сарҳадии ҷониби қирғиз низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар дафъа бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон, нақши манфӣ доранд.

 

24 августи соли ҷорӣ даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлек дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ (рӯ ба рӯи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуда, бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барқасдона ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд. Тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ мебошад. Аммо, бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон талаботи протоколҳои дар боло зикршударо пайваста сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд.

Дар ҳоли ҳозир дигар шоеа нест, балки далелҳои ғайри қобили инкор гувоҳи бар он медиҳанд, ки ҷониби қирғиз ҳозир нест масъалаи мазкурро он гуна, ки дархӯри ҳамсоягони накӯ бошад, аз роҳи гуфтушунид ва тафоҳум ҳаллу фасл кунад ва талош дорад, ки ба Тоҷикистон фишор биоварад. Аммо ин роҳ ба ҳеҷ ҷое намебарад.

Айни замон вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон муътадил мебошад.

Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

 

http://khovar.tj/2019/08/i-vogarii-navbat-dar-marzi-to-ikiston-va-ir-iziston-2/

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2319
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12043
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:68121
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7710041

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?