Матни равон

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и маркази шаҳри Гулистон ба ифтихори рӯзи Дониш ва дарси сулҳ ташриф овард.

Дар саҳни мактаби номбурда ҷамъомади ботантанаи омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо ба вуқӯъ пайваст. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази “Тоҷикстандарт дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ манзури иштирокчиёни ҳамоиш намуд. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода омӯзгорон ва маткабиёнро бо оғози соли нави таҳсил табрик кард.

Зикр гардид, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар сиёсати давлат соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи илму маориф дар кишвар ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Сипас Раиси шаҳр ҳамроҳи меҳмонон аз синфхонаҳои дабистон дидан намуда, бо устодон ва хонандагон суҳбати ошкоро намуданд.

Баъдан Раиси шаҳр бо меҳмонон ҳамроҳи омӯзгорону хонандагон дар маҷлисгоҳи муассиса дарси Сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.

Дар 14 муассисаҳои таҳсилоти миёна, гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Коллеҷи тиббии шаҳр низ чунин ҷамъомадҳо ва тамошои мустақими дарси Сулҳ муташаккилона баргузор гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1619
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12670
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5985
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7738375

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?