Матни равон

4 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзъҳои зебоманзари пойтахт — кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз меҳмонхонаи 5- ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.

Тибқи лоиҳа, ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12-ум ва 15-ум, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ меҳмонхона барои 300 нафар имкони буду бош фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур барои таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад.

Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» мебошад.

Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ сохта мешавад. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, утоқҳои корӣ, тарабхона, қаҳвахона, SPA-ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, мағозаҳо, толори синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бо сифат ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ муҳайё сохтани шароити хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Иншооти муосир дар муҳлати 2 сол дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Ҷиҳати ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 200 мошин сохта хоҳад шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд карда шуда, зимни  корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.

Бо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ, ҳамзамон ба ободии пойтахти мамлакат зебогии нав зам хоҳад шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1580
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2712
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1580
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19410
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60643
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:83055
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2160143

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?