Матни равон

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ҷамъомади ботантана ба ифтихори таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонон баргузор гардид.

Ҷамъомади ботантана бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи зинда ҳусни ифтитоҳ ёфта, дар ибтидо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят Муҳаммадӣ Давлатов гулистониёнро аз номи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда, муборакбодиҳоро манзури ҳозирин намуд. Сипас Раиси шаҳри Гулистон сокинони шаҳрро бо ҷашни фархундаи 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давоми бисту ҳашт сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад ва дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона устуворона қадам мезанад. 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб ёфта, бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон мебошад. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерӯмандтарин муҳофизи истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

 

Дар вазъи тантанавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатӣ - Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду нафар – Рухсатой ӯрунова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ва Илҳом Мадализода-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон қироат гардида, ба онҳо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамзамон, бо қарори Раиси шаҳри Гулистон ба 65 нафар пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр барои дастовардҳои арзишманди меҳнатӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дар интиҳо санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва санъаткорони шинохтаи вилоят ва ҷумҳурӣ барномаи калони консертиро таҳти унвони “Тоҷикистон – ватани соҳибистиқлоли мо”-ро манзури ҳозирин намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3622
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6215
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39814
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7681734

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?