20 Июл 2015
Интишороти «Раҳим Ҷалил»-и шаҳри Хуҷанд маҷмуаи шеърҳои адиби адрасмонӣ Мақсудҷон Мирзоабдуллоевро бо забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Ёнар дарё» («Дарёи сӯзон») ба табъ расонд.
Муҳаррири масъул узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯринбой Усмонов мебошад.
Ғояҳои асосии китоб ба ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат, ишқ, тифоқӣ дар оила ва амсоли инҳо бахшида шуда, аз шаш боб иборат аст.
Ба ифтихори рӯнамои китоби «Дарёи сӯзон» дар шаҳраки Адрасмон рӯзи 18-уми июли соли равон маҳфили шеъру сухан доир гардид. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯринбой Усмонов, сармуҳаррири нашрияи «Соҳил» Рустамҷон Одизода, собиқадорони меҳнат Муҳаммадҷон Файзуллоев ва Санавбар Нуруллоева, директори МТМУ-и №7 Бурҳониддин Нуруллоев, адиб Абдулҳаким Табибӣ ва дигарон роҷеъ ба ғояҳои асосии китоб ҳарф заданд.
Маҳфили шеъру суханро Дилфуза Фозилова бо таронаҳои марғуб шукуҳи тоза бахшид.