Матни равон

Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи шаҳри Гулистон тантанаҳои идона ва барномаи калони консертӣ доир гардид.

Дар оғоз муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба сокинон ва меҳмонони зиёди шаҳри Гулистон табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи шаҳри Гулистон манзур кард. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳамагонро бо Рӯзи шаҳр муборакбод намуд. Зикр гардид, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи шаҳри Гулистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ аз сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Гулистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.

 

Шаҳри Гулистон дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар ва туризм нақши арзандаи худро касб намудааст. Боиси ифтихормандии сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи беш аз 20 корхонаҳои саноатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти бунёдии соҳаи хоҷагии халқи шаҳр ва рушду нимуи шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар даврони истиқлолият шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз 13 корхона то ба 33 адад расида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ аз 13 ба 95 номгӯй баробар шудааст. Агар 28 сол муқаддам корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми сол ба маблағи қариб 9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум истеҳсол намуда бошанд, дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба беш аз 3,4 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса қариб 385 маротиба зиёд шудааст.

Ҳамчунин ба корхонаву муассиса ва шаҳрвандони фахрии шаҳр дар вазъи тантанавӣ барои саҳми боризашон дар рушду камоли соҳаҳои хоҷагии халқии шаҳр Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.

Дар интиҳо барномаи марғуби консертии ситораҳои эстрадаи тоҷик таҳти унвони “Гулистон – боғшаҳри даврони истиқлол” манзури ҳозирин гардид.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1898
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3923
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16995
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45554
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7777944

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?