Матни равон

Як сол аст, ки  наҳзатиҳои террорист бо таъсис додани ПМТ (эътилофи ҷинояткорони наҳзатӣ) дағдаға доранду воҳима мекунанд, ки гӯё муваффақияте ба даст оварда бошанд. Дар ҳамин ҷаласаи САҲА, ки айни ҳоло  дар Варшава ҷараён дорад, низ аз номи ҳамин иттиҳоди дуруғини худ зиёд ҳарф мезананд ва мардумро боз бо дуруғпарокании худ гумраҳ карданианд. Дар асл ПМТ чист? ПМТ ин иттиҳоди чанд созмонеси дуруғинест, ки худи раҳбарияти наҳзатӣ пештар ташкил карда буданд ва баъд онҳоро гӯё муттаҳид карданд. Ин такрори ҳамон ИНОТ-и солҳои навадум аст, ки раҳбарияти собиқи наҳзатӣ ташкил карда, чанд ташкилоти дигарро дар худ фуру бурда буд ва бар зидди давлату миллати Тоҷикистон меҷангид. Имрӯз ҳам наҳзатиҳо ҳамон корро мекунанд, танҳо аслиҳа надоранд ва ниҳоят заифанду ба ғайр аз туҳматзанию бадномсозии давлату миллат кори дигаре аз дасташон намеояд.

Дар асл  ПМТ аз ТТЭ ҲНИ пайдо шудааст, яъне бачаи терроризм аст. Ҳоло ба раҳбарону масъулони ПМТ хитоб карда мепурсем, ки барои чӣ бо ин амали навбатии манфур ва зиддимардумиатон ин қадар воҳима доред?  Дар як сол чи коре анҷом додед? Ба ғайр аз дурӯғу фитна, дассисаву иғвоаангезӣ чизи дигаре накардед. Номи баланду шаҳри вайронро мемонед. Аз се гурӯҳ ва ё се одам паймони зиддидавлативу зиддимиллӣ сохтед. Зеро хоҷагонатон барои чунин шакли фаъолиятатон маблағгузорӣ бештар мекунанд. Зеро қудрати як нафар барои ноором сохтани вазъият, иғвову дассисаангезӣ  намерасад. Ин роҳро бо ҳамин мақсад пеш гирифтед.

Акнун обро лой карда моҳӣ гирифтан мехоҳед. Вале ба мақсади баду пастатон нарасед. Дар як сол ин тифли аз иблис омадаатон бо тамоми роҳу восита мехоҳад ба чашми мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат хок пошад, ба сӯи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ санг занад. Аз онҳое ҳимоя намояд, ки муқобили миллату давлат, муқобили манфиатҳои миллӣ кор бурдаанд.

Аммо мардум аз ин бозиҳои бемаъниии шумо серанд. Зеро шумо мардумро ба кӯи сарсониву саргардонӣ ва давлату истиқлолиятро ба нестӣ бурданиед. Ин аст ҳадафи ягонаи шумо. Танҳо барои ин корро анҷом додан аз таги нохун чирк мекобед. Як соли фаъолияти бемаънӣ, як соли дурӯғу фитна, як соли хиёнат ба давлату миллат, як соли худфурӯшиҳо, як соли ...

Шумо тоҷик нестед, шумо душмани тоҷику тоҷикистониед, зеро фоҷеаи он, бадбахтии онро мехоҳед ва заҳматҳову зӯрзаниҳои шумо барои ин ҳадафи пасту хоинона бахшида шудааст. Шумо мардуми Тоҷикистонро ба кӯи фитнаву дассисаҳо ва бозиҳои сиёсии пурмоҷароятон бурда наметавонед. Кӯру кар шумоед, ки имрӯз намебинед харобиҳои дасти шумо хоинон бартараф, бӯҳронҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ низ бартараф, қомати ин мардуму давлат рост гардидааст.

Нотавонбинии шумо хоинон боз аз ин комёбиҳо бештар гардид. Чашми некбин, ҷалби хайрхоҳ дар шумо нест, афсӯс. Ҳеҷ гоҳ бори каҷ ба манзил намерасад. Дар он вартае, ки давлату миллатро боз бурданиед, худ меафтед.

Дар ҷаласаи САҲА ҳамагӣ ҳозир шудаеду бар зидди давлату миллати худ душманӣ доред. Туҳмат мекунед ва рӯи худро сиёҳ карда дуруғ мегуед. Аз ҳозир шудани собиқ наҳзатиҳо, аз ҷумла Муллоабдураҳиму Самиев дар ҳайати ҷомеаи шаҳрвандӣ сахт тарсидед. Баромадҳои асосноки Раҳнамо шуморо ба танг овард. Зеро ин нафарон тамоми асрори шуморо медонанд. Дар муқобили баромадҳои мантиқию воқеъбинонаи Рустам Ҳайдаров ва аъзоёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон лолу ҳайрон мондед. Зеро дар ҷавоб ба суханони росту ҳақиқат гапи гуфтанӣ наёфтед. Бори дигар шармандаю расво шудед. Натиҷаи як соли фаъолияти ПМТ-атон ҳамин аст. Боз то як соли дигар ба худ нахоҳед омад.

 

Парвиз Собиров

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2196
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2315
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2196
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18877
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:58832
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81381
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2239713

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?