Матни равон

«Меҳри модар»-армуғони идонаБо ҳадафи истиқболи сазовори ҷашнҳои 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-умин солгарди Сарқонуни мамлакат татбиқи сиёсати бунёдкорона, ки аз самтҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва ҳамовозӣ ба иқдоми Раиси вилояти Суғд доири «500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Қайроққум корҳои ободкориву созандагӣ вусъат меёбад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимимяти давлатии шаҳри Қайроққум дар Соли рушди фарҳанг баҳри бунёд ва тармиму таҷдиди иншоотҳои фарҳангӣ – маърифатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Фаъолияти босамари муассисаҳои фарҳангию варзишӣ баҳри густариши мубодилаи афкори солим, рушди ҳунар, сайқали илму дониш, дӯстию рафоқат ва тарбияи ҷавонон заминаи боэътимод аст. Мактабҳои мусиқии бачагонаи шаҳракҳои Консой ва Адрасмон пурра аз таъмири асосӣ баромад. Болои боми Хонаи фарҳанги Адрасмон, ки солиёни зиёд таъмирталаб буд таъмир карда шуд. Ҳавзи шиноварӣ низ дар маркази шаҳр ҳоло мавриди таъмиру таҷдид қарор дорад.

Дар шафати кӯчаи марказии Истиқлол бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум хиёбони фарҳангу фароғатии «Меҳри модар», ки ифодагари арҷгузорӣ ба заҳматҳои муқаддастарин офаридаи илоҳӣ-Модар аст, бунёд мегардад, ки шояд нахустиншооти таҷассумгари Модар дар миқёси ҷумҳурӣ ба шумор равад. Ин гулгашт ба яке аз беҳтарин ҷойҳои фароғатии шаҳр мубаддал хоҳад ёфт. Дар он шаршара, фаввораи рангинкамон, пайкараи модару кӯдак, ҷойҳои нишаст, саҳна, гулу ниҳолони ҳамешасабз, нуқтаҳои мавсимии фурӯши яхмосу нӯшобаҳои ташнашикан ва амсоли инҳо таъсис меёбад. Рӯзҳои истироҳату ид доиршавии чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар аст. Ташкилу бунёди ин иншоотҳо дар Соли оила омилҳои беҳбуд бахшидан ба саломатии мардум, тарғиби зебогию тароват, ҳамдилию ҳамраъйӣ, ҷалби чавонону наврасон ба корҳои судманд, ташкили чорабиниҳои тарбиявию тарғиботӣ ва таъмини фароғатӣ шаҳрвандон ба шумор меравад. Лаҳзаҳои хуби фароғат дар чунин ҷойҳои хушбоду ҳаво ва назаррабо рӯҳи инсонро болида гардонида, ба кас нерую қувваи наву тозаи корӣ эҳдо месозад.

Яке аз самтҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба зиёдкунии теъдоди муассисаҳои томактабӣ нигаронида шудааст.

Кӯдакистони «Наргис», ки қаблан дар тарози ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» буд, солиёни зиёд боз аз фаъолият бозмонда буд. Бинои мазкур бо ташаббуси Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода алҳол таъмиру таҷдид гардида истодааст. Баробари ба фаъолият оғоз намудан дар парваришгоҳи номбурда шаш гурӯҳ кушода шуда 180 нафар кӯдакон қабул ва 15-20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Солиёни минбаъда теъдоди гурӯҳҳо ва кормандон боз мефизояд.

Тавре  сармеъмори шаҳр Муҳаммадҷон Тошматов иттилоъ дод баробари таъмиру таҷдид ва бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ боз як қатор корхонаҳои хурду миёна дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба фаъолият мепардозанд. Корхонаи истеҳсоли қубури оҳанини доирашаклу чоркунҷаи ҶДММ «Хайри Хуршед», коргоҳи ноқилбарории «Суғдкабел», сехи коркарди регу шағали «Боғи Фирдавс» ва корхонаи коркарди партовҳои маъдани «Шуҳрат 2005» дар Чоруқдаррон аз зумраи иншоотҳои ҷашнианд. Дар бунёд ва тармиму таҷдиду иншоотҳои ҷашнӣ Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Арина-Л», «Авитсенна» ва «МБИС» саҳмгузорӣ доранд.

Гулшаҳри соҳили «Баҳри Тоҷик» тавассути ободкориҳо рӯз то рӯз зебою тамошобоб ва ба макони истироҳату фароғат мубаддал ёфта, ҷойи дӯстдоштаи сокинону меҳмонон гардида истодааст.

Ин ҳама аз файзу баракати насими гуворои Истиқлол, Ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаю оқилона ва бунёдкоронаю созандаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Бошандагони меҳнатқарини шаҳри Қайроққум бо  шукргузорӣ аз соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ тадбирҳои созандагиро идома дода, саъй бар он доранд, ки дар шукуфоии як гӯшаи диёри аҷдодӣ саҳмгузор бошанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1797
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17143
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41146
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199901

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?