25 Август 2015
Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз санаи 10 то 31 августи соли 2015 аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва саховатмандон аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» гузаронида шуда истодааст.
Аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят Матлубахон Амонзода ба 147 нафар ва Бахтиёр Маҷидов ба 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуданд.
То имрӯз аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҲХДТ ба 24 нафар ва ҳамагӣ ба 203 нафар кӯдакони ниёзманд ёрӣ расонида шуд. Дар ин амали хайр вакилон А. Абдуллоев, М.Собирова, С.Мамадҷонов, А.Қосимов, Р.Ҳамзалимова, Б.Каримов, П.Аҳмадҷонов, Д.Муллоҷонова, М.Муҳаммадзода, Ш.Абдуллоев, С.Нурматов, Т.Зокирова, У.Анваров, Р.Сафаров, С.Насимов ва Ю.Сабуров саховатмандӣ нишон доданд.
Баробари ин Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҳамкориро бо ҳизби аграрӣ тақвият бахшида вакил аз ҳизби номбурда А.Хонтӯраев низ дар канор намонд. Аксия то санаи 31 август идома мекунад.