26 Август 2015
Имрӯз, 26 август машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Қайроққум дар Кохи Истиқлол ба вуқӯъ пайваст. Мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан риштаи сухан ба Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода дода шуд. Раиси шаҳр ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсили 2015-2016 таҳният гуфт ва дар иҷрои кори таълиму тарбияи насли наврас барори кор таманно кард.
Баробари таҳлили соҳа, дастуру вазифагузориҳо Раиси шаҳр таъкид дошт, ки минбаъд низ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои рисолати аслии хеш – омӯзиш ва парвариши насли ҷавони ояндасози миллат, кӯшишу талошҳои хастагинопазир устодону омӯзгорон ба харҷ диҳанд. Сипас намояндаи Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов баромад кард,. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муяссар Ҳайдаров оид ба як соли фаъолияти кормандони соҳа ҳисобот дод.
Баъдан директори МТМУ-и №14 Муяссара Раҳимова, Саиднисо Воситова аз гимназияи ба номи Б.Ғафуров, Улуғбек Хоҷаев директори МТМУ-и №12 дар мавзуҳои самарабахш гузаронидани Шӯрои педагогӣ, ҳамкории роҳбари синф бо муовини директор ва идоракунии коллективи педагогӣ маърӯза карданд.
Як қатор омӯзгорони пешқадам бо тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр ва Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят қадр карда шуданд. Сурайё Гадоева, директори гимназияи №1 ва Мушаррафа Шамсиддинова, омӯзгори МТМУ-и №8 бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми ҶТ» сарфароз гардиданд.
Дар интиҳо барои иштирокдорони машварати августии омӯзгорон консерти идона аз ҷониби санъатварони бахши фарҳанг намоиш дода шуд.