31 Август 2015
Омӯзгорони мӯҳтарам!
Толибилмони азиз!
Рӯзи сешанбе, 1-уми сентябр дар саросари кишвар Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи сулҳро низ таҷлил мекунанд, ки ин бесабаб нест. Дониш ва сулҳ бо ҳам тавъаманд.
Дар Паёми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд».
Мактаб даргоҳи аз худ кардани донишу маърифат, одобу фарҳанг ва тарбияи ахлоқи ҳамида мебошад. Зеро дар ботини ҳар як наврасу ҷавон тарбия кардани ҳисси инсондӯстиву накӯкорӣ, ба камол расонидани насли бонангу номус ва соҳибмаърифату соҳибкасб, дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон густариш додани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, аз мактаб сарчашма мегирад.
Бузургони фарҳангдӯстӣ мо беҳуда нагуфтаанд, ки дониш чароғи ақл, қуввати дил ва сарвати азимест, ки инсонро азизу муътабар мегардонад. Шахси донишманд ва соҳиби касбу ҳунар дар ягон давру замон душворӣ намекашад, зеро илми андӯхтааш ва касбу ҳунари азхудкардааш ҳамеша ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуда, дар масири ҳаёт ба ӯ ҳамчун сипар хизмат менамояд. Шахс танҳо тавассути ақлу заковат, илму дониш ва касби ҳунари худ метавонад дар ҷомеа соҳиби иззату эҳтиром гардад.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ҳамаи Шумо – фарзандони азиз, устодону омӯзгорон ва падару модарони гиромиро ба муносибати фарорасии соли нави хониш табрик намуда, ба шумо таҳсили аъло, одобу ахлоқи шоистаи таҳсин ва маърифати баланди хештаншиносиву инсондӯстӣ орзу менамоям.