01 Сентябр 2015
Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр Рӯзи дониш ба тантана ва иди бошукӯҳе мубаддал гардид. Муовини раиси шаҳри Қайроққум Fайратҷон Оқилов зимни баромади хеш назди омӯзгорону хонандагон ва падару модарон дар МТМУ-и №1 оид ба таҷлили рӯзи аввали таҳсил, моҳияту ғояи безаволи сулҳу озодӣ, перомуни соли нави таҳсил ва ғамхориҳои ҳукумату давлат ба соҳаи маориф ҳарф зада ба ҳозирин барори комгориҳои тозаро таманно намуд.
Раиси шаҳр аз дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, саҳми Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар инкишоф ва пешрафти кулли соҳаҳои ҷомеа ба виҷа, маориф мусбӣ арзёбӣ кард.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Юсупова муборакбодии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид. Мудири шуъбаи маориф Муяссар Ҳайдаров низ омӯзгорону хонандагонро табрик намуда, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравиро ба фаъолон супорид.
Дар тамоми мактабҳои шаҳр омӯзгорону толибилмон тавассути телевизион суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар вилояти Хатлон бахшида ба ин рӯзи фархунда тамошо карданд.
Ҳамоишҳои идона ба ифтихори истиқболи соли нави таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр таассуротбахшу хотирмон доир шуданд.