04 Сентябр 2015
Дар толори хониши китобхонаи марказии шаҳр бахшида ба Рӯзи китоб ҳамоиши китобдӯстони шаҳр таҳти унвони «Китоб оинаи зиндагӣ» баргузор гардид.
Дар ибтидо директори китобхонаи низоми марказии шаҳр Омина Мирзоева баромад намуда, роҷеъ ба аҳамияти китоб ва китобхонӣ ҳарф зад. Сипас адиби қайроққумӣ Илҳом Раҳим доир ба манфиати китоб сухан ронда, китобҳои нави шогирдон ва қаламкашони қайроққумиро муаррифӣ карда, аз ашъори худ шеърҳо қироат намуд. Баъдан нозири маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» Наталя Мирзораҳимова, сардори шуъбаи бачагонаи китобхона Лариса Седунова, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулрабо Ҷабборӣ доир ба китоб ва мавқеи он дар ҳаёти инсон мубодилаи афкор намуданд.
Китобхонони фаъол – хонандагони муассисаҳои таълимии № 1, 14 ва гимназия доир ба васфи китобу донишандӯзӣ аз ашъори шоирон шеърҳо қироат карданд.
Дар вазъи тантанавӣ ба китобхонони фаъолтарин сипосномаву туҳфаҳо супорида шуданд.
Аълочиии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиба Каримова бо сурудҳои дар васфи диёр ва дӯстӣ табъи ҳозиринро болида намуд.
Дар толор ҳамчунин ба маърази меҳмонон ва иштирокдорон намоиши китобҳои нав «Сарчашмаи ҳаёт китоб аст» ва гулчини ашъори адиби қайроққумӣ Илҳом Раҳим манзур гардид.