07 Сентябр 2015
Ҳисси меҳанпарастӣ ва тарбия дар ин рӯҳия нахуст аз оила маншаъ гирифта, баъдан дар кӯдакистону донишгоҳ сайқал меёбад. Гуфтори «Ман Ватанро дӯст медорам!» бояд тамоми вуҷуди ҳар як фарди солимақлро фаро бигирад. Ва ин гуфтаро амалан собит мебояд, чунки хизмат ба Ватан мактаби бузурги обутоби ҷисмонию сиёсӣ ва тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ҳадафи омодасозии мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар муассисаи таълимии Кумитаи шаҳрии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа қарори Раиси шаҳр аз 18 августи соли 2015, таҳти № 198 ба тасвиб расид. Ташкилотҳои масъул вобаста ва нақша-чорабинӣ марбут ба иҷрои қарор таҳия гардидааст.