07 Сентябр 2015
Ҳамасола аз ҷумҳурии мо зиёда аз 6000 нафар ба Хонаи Каъба рафта, яке аз рукнҳои муҳими исломро ба ҷо меоранд. 2 сентябр вохӯрии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бо 26 нафар зиёраткунандагон доир гардид.
Раиси шаҳр зимни вохӯрӣ ба зоирон таъкид намуд, ки ҳангоми сафар ба хонаи Худо одоби муоширатро бо намояндагони халқхои дигар ба дараҷаи баланд риоя кунанд. Зеро моро миёни дигар мардуми мусалмон шумоён муаррифгар ҳастед. Нозукиҳои ҳаҷро бояд омӯхту амал кард. Дар машғулиятҳои пеш аз сафар аз худ фаъолнокӣ мебояд. Тавре мегӯянд «Шахси огаҳ ба хато роҳ намедиҳад»,- Матлубахон Амонзода ба аҳли зоирин роҳи сафед таманно кард.
Сархатиби масҷиди марказӣ – Ҳоҷӣ Сулаймон Болтуев аз номи зоирин ба Раиси шаҳр арзи сипос намуда, қайд кард, ки дар машғулиятҳо зиёраткунандагонро омода месозанд, то фаризаҳои маросими ҳаҷро онҳо хуб ба ҷо оранд.